маориф
Рашт: соҳаи маориф ниёз ба тадбирандешӣ дорад
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар чанд соли охир дар ноҳияи Рашт дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, иҷтимоиёт ва иқтисод ба вуқӯъ пайвастанд.
Аз ҷумла барои бо таҳсил фаро гирифтани теъдоди бештари кӯдакон дар ноҳия 80 синфхонаи нав бунёд гардида, 10 мактаби асосӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шудааст, ки дар натиҷа шумори хонандагон, бахусус духтарон дар мактабҳо афзуд.
Агар ду-се сол пеш дар синфҳои болоӣ 20 фоизи хонандагонро духтарон ташкил медоданд, ҳоло ин рақам ба 65 дар сад расидааст. Қаблан хонандагони синфҳои поёнии мактабҳои деҳаҳои дурдаст на ҳама таҳсилро идома медоданд. Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вазъ ба куллӣ тағйир ёфтааст.
Умуман корҳои маърифатӣ дар ноҳия вусъат ёфта, шаклу усулҳои нав пайдо намудаанд.
Барои касбомӯзии занҳо, муҳайё кардани ҷойҳои нави кор тадбирҳои зиёде андешида шудааст. Бо вуҷуди ин ҳанӯз дар ноҳия шумори духтарони маълумотдор хеле кам мебошад. Дар филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм нисбат ба дигар ноҳияҳои минтақа теъдоди донишҷӯдухтарон кам аст. Аз 720 нафар донишҷӯи ғоибхони филиал ҳамагӣ 27 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
-Барои ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар ноҳияи мо ҳайати мушовараи сайёри Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, чораҳои иловагӣ андешида шуд, -гуфт зимни суҳбат Саидумрон Абдураҳмонов, раиси ноҳияи Рашт. -Барои афзудани теъдоди духтарони маълумотдор мақсад дорем, ки дар назди мактабҳои таҳсилоти миёна гурӯҳҳои ғоибона таъсис диҳем, то ки духтарони аз таҳсил дурмонда соҳибмаълумот гарданд, дар донишгоҳу омӯзишгоҳҳо ғоибона ё рӯзона таҳсил карда тавонанд.
То соли хониши 2011-2012 дар 7 деҳаи дурдасти ҷамоатҳои деҳоти Аскалон, Ҳоит ва Ясманд хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳсилро идома дода наметавонистанд. Ин мушкилотро ба инобат гирифта, мактаб-интернати маркази ноҳия фаъол гашт ва шумори хонандагон ба 193 нафар расонида шуд. Айни ҳол дар ин таълимгоҳ истироҳатгоҳ низ амал карда истодааст, ки дар он хонандагон бо ҷойи хобу хӯрок таъмин мешаванд. Таъсиси китобхона низ дар назар мебошад.
Бояд зикр кард, ки баробари ба таълим фаро гирифтани хонандагон масъалаи таҳсили минбаъдаи онҳо дар омӯзишгоҳу донишкадаҳо низ дар мадди назар аст. Тибқи Квотаи президентӣ имсол бояд 27 нафар хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилро дар макотиби олии кишвар идома диҳад.
Дар солҳои охир дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ низ барои рушди ин соҳаҳо дар ноҳия таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд.
Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар ноҳия Ассотсиатсияи волидайн созмон ёфт, ки он дар ҳалли бисёр масъалаҳо мусоидат мекунад. Аз ҷумла дар ҳар ҷамъомад хонандагони фаъол ҳавасманд гардонида мешаванд. Бо ташаббуси ассотсиатсия дар мактабҳо 80 синфхонаи нав бо мизу курсӣ ва дигар ашёҳои хониш таъмин гардид.
- Дар назар аст, ки бо ёрии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Ассотсиатсияи волидайн дар ноҳия 64 синфхонаи нав бунёд 7 мактаби асосӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шавад, -афзуд дар хотима Саидумрон Абдураҳмонов. -Дар ин ҳолат агар дар 17 мактаб ба ҳисоби миёна 25 - нафарӣ хонанда ба таҳсил фаро гирифта шавад, 425 нафар ҳар сол иловатан соҳиби маълумоти миёна мегардад.
Пӯшида нест, ки ҳанӯз соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ниёз ба чораандешӣ дорад. Мушкилоти синфхонаҳои бетаъмир, музди маоши ками омӯзгорон, камии ҷойҳои кор ва ғайра дида мешавад ва онҳо ҳалли бетаъхирро тақозо доранд.
Мирзои ФИРӮЗ,
Мунаввари САФАР,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.12 №: 92-93 Мутолиа карданд: 5630