logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи  соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 4; мод. 5; с. 2011, № 12, мод. 840), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 4:
- аз сархати дуюм калимаҳои ", оид ба муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ" хориҷ карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- шикоят - ҳангоми муроҷиат ба марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;".
2. Қисми 3 моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кассатсионӣ аз натиҷаи баррасии шикояти кассатсионӣ, ҳамчунин аз натиҷаи ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ намудани парванда қарор қабул менамояд.".
3. Ҷумлаи якуми қисми 3 моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Парвандаҳо дар коллегияи судии марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати се судя дастҷамъона баррасӣ карда мешаванд.".
4. Дар моддаи 21:
- дар қисми 1 калимаҳои "марҳилаҳои апеллятсионӣ ва" ба калимаи "марҳилаи" иваз карда шаванд;
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои "марҳилаҳои якум ва апеллятсионӣ ҳамчунин" ба калимаҳои "марҳилаи якум ва" иваз карда шаванд;
- аз қисми 4 калимаи ", апеллятсионӣ" хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 2 ва 3 ҳисобида шаванд.
5. Ба қисми 2 моддаи 26 пас аз калимаҳои "Судҳои иқтисодӣ" калимаҳои "парвандаҳоро оид ба" илова карда шаванд.
6. Ба қисми 2 моддаи 33 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд;".
7. Дар моддаи 51:
- аз қисми 1 пас аз калимаҳои "нақлиёти Тоҷикистон" калимаҳои "ё муовинони онҳо" хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 2 пас аз калимаи "Бадахшон" калимаҳои "ё муовинони ӯ" ва пас аз калимаҳои "нақлиёти Тоҷикистон" калимаҳои "ё муовинони онҳо" хориҷ карда шаванд.
8. Дар қисми 5 моддаи 81 калимаҳои "ном, насаб ва номи падари" ба калимаҳои "насаб, ном ва номи падари" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "ирсол мегардад," калимаҳои "насаб, ном ва номи падари тарафи пардохткунандаи музди экспертизаи давлатии судӣ, ки бо талаби он экспертиза гузаронида мешавад," илова карда шаванд.
9. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 85 калимаҳои "ном, насаб, номи падар" ба калимаҳои "насаб, ном ва номи падар" иваз карда шаванд.
10. Қисми 3 моддаи 116 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Дархост дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда ба суде, ки дар он бояд амалиёти мурофиавӣ сурат гирад, пешниҳод гардида, дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди воридшавӣ ба суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ баррасӣ карда мешавад. Шахсони иштироккунандаи парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ  огоҳ карда мешаванд ва ҳозир нашудани онҳо барои баррасии дархост монеа шуда наметавонад.".
11. Дар қисми 3 моддаи 121, сархатҳои сеюм ва ҳаштуми қисми 2 моддаи 168, сархати дуюми қисми 1 моддаи 183, сархатҳои шашум ва ҳафтуми қисми 2 моддаи 268 калимаи "фамилияи" ба калимаҳои "насаб, ном ва номи падари" иваз карда шаванд.
12. Ба қисми 1 моддаи 128 сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- аз ҷониби даъвогар (аризадиҳанда) тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби ҳалли тосудии баҳс (ариза) риоя нашуда бошад;".
13. Дар моддаи 133 калимаи "ду" ба калимаи "як" иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 135:
- қисмҳои 5, 6 ва 7 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"5. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 142, 143, сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашуми моддаи 147, сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 149 Кодекси мазкур баррасии парванда дар маҷлиси пешакии судӣ мумкин аст боздошта шавад ё қатъ гардад ё ариза бе баррасӣ мононда шавад.
6. Дар хусуси боздоштан ё қатъ намудани баррасии парванда ё бе баррасӣ монондани аризаи даъвогӣ (ариза)`таъинот бароварда мешавад. Нисбат ба таъинот шахсони иштироккунандаи парванда метавонанд шикоят пешниҳод намоянд.
7. Дар маҷлиси пешакии судӣ мумкин аст аризаи шахсони иштироккунандаи парванда дар хусуси аз ҷониби даъвогар бе сабабҳои узрнок гузаронидани мӯҳлати даъво ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ  ва мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муроҷиат ба суд баррасӣ гардад. Ҳангоми муайян намудани далели бе сабабҳои узрнок гузаронидани мӯҳлати даъво ё мӯҳлати муроҷиат ба суд, судя бе таҳқиқи дигар ҳолатҳои воқеии парванда дар хусуси рад намудани даъво ҳалнома қабул мекунад. Ба ҳалнома аз ҷониби шахсони иштироккунандаи парванда мумкин аст бо тартиби кассатсионӣ шикоят оварда шавад.";
- қисми 5 қисми 8 ҳисобида шавад.
15. Ба моддаи 153 қисмҳои 6, 7 ва 8 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"6. Дар сурати дар кирдори шахсони тартиботи маҷлиси судиро вайронкунанда мавҷуд будани аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ раисикунандаи маҷлиси судӣ маводҳои заруриро  барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол менамояд.
7. Агар дар кирдори шахсе, ки тартиботи маҷлиси судиро вайрон кардааст, аломатҳои ҷиноят мавҷуд бошад, раисикунандаи маҷлиси судӣ маводи заруриро барои ҳалли масъалаи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси тартиботи маҷлиси судиро вайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд.
8. Дар сурати ба таври оммавӣ аз ҷониби шахсони дар муҳокимаи парванда ҳузурдошта вайрон кардани тартиботи маҷлиси судӣ раисикунандаи маҷлиси судӣ метавонад шахсонеро, ки иштироккунандаи мурофиа намебошанд, аз толори маҷлиси судӣ берун кунад ва парвандаро дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ намояд ё муҳокимаи парвандаро мавқуф гузорад.".
16. Дар қисми 5 моддаи 168 калимаи "баёнии" ба калимаи "асосноккунии" иваз карда, калимаи "бояд" хориҷ карда шавад.
17. Матни моддаи 172 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Ҳангоми қабул намудани ҳалномае, ки ҷавобгарро барои анҷом додани амали муайяни ба интиқоли молу мулк ё маблағҳои пулӣ вобастанабуда ӯҳдадор мекунад, суди иқтисодӣ бояд дар ҳамин ҳалнома  нишон диҳад, ки агар ҷавобгар ҳалномаро дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накунад, пас  даъвогар ҳуқуқ дорад ин амалро бо роҳи ситонидани хароҷоти зарурӣ аз ҳисоби ҷавобгар  анҷом диҳад.
2. Агар ин амалро танҳо ҷавобгар анҷом диҳад, суди иқтисодӣ  дар ҳалнома  мӯҳлатеро муқаррар менамояд, ки дар давоми он ҳалнома бояд иҷро карда шавад. Ҳалномае, ки ташкилотро барои иҷрои амали муайяни ба интиқоли молу мулк ё маблағҳои пулӣ вобастанабуда ӯҳдадор мекунад, аз ҷониби роҳбари он дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суди иқтисодӣ иҷро карда мешавад. Дар сурати бе сабабҳои узрнок иҷро накардани ҳалнома суди иқтисодие, ки ҳалнома баровардааст, нисбат ба ҷавобгар чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро меандешад.".
18. Дар моддаи 177:
- дар ном ва матни модда  калимаҳои "Шарҳи", "шарҳ" ва "шарҳи" мутаносибан ба калимаҳои "Тавзеҳи", "тавзеҳ" ва "тавзеҳи" иваз карда шаванд;
- ба қисми 1 пас аз калимаи "парванда," калимаҳои "бо пешниҳоди" илова  карда шаванд.
19. Дар моддаи 178 калимаи "апеллятсионӣ" ба калимаи "кассатсионӣ" иваз карда шавад.
20. Дар моддаи 179:
- дар қисми 1 калимаи "апеллятсионӣ" ба калимаи "кассатсионӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаи "кассатсионӣ" ба калимаи "назоратӣ" иваз карда шавад.
21. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 198 калимаҳои "ном, насаб ва ё фамилияи" ба калимаҳои "насаб, ном ва номи падари" иваз карда шаванд.
22. Дар қисми 3 моддаи 203 калимаи "апеллятсионии" ба калимаи "кассатсионии" иваз карда шавад.
23. Дар қисми 4 моддаи 209, қисми 5 моддаи 214 ва қисми 5 моддаи 219 калимаи "апеллятсионӣ" ба калимаи "кассатсионӣ" иваз карда шавад.
24. Дар қисми 3 моддаи 224 калимаҳои "марҳилаи апеллятсионӣ" ба калимаҳои "суди марҳилаи кассатсионӣ" иваз карда шаванд.
25. Дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи 226 калимаи "сарватмандшавии" ба калимаи "дорошавии" иваз карда шавад.
26. Дар номи боби 31 калимаи "АПЕЛЛЯТСИОНИИ" ба калимаи "КАССАТСИОНИИ" иваз карда шавад.
27. Дар моддаи 236:
- дар ном ва қисми 1 калимаи "апеллятсионӣ" ба калимаи "кассатсионӣ" иваз карда шавад;
- қисми 2  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Шикояти кассатсионӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи суди иқтисодие, ки ҳалномаро қабул кардааст, оварда мешавад.";
- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Суди иқтисодие, ки санади судиро қабул кардааст, вазифадор аст шикояти кассатсиониро якҷоя бо парванда дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи баъди ба охир расидани мӯҳлати овардани шикоят ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонад.";
- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шуда, дар он калимаи "апеллятсионӣ" ба калимаи "кассатсионӣ" иваз карда шавад.
28. Моддаи 237 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 237. Марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ
Шикояти кассатсионӣ аз тарафи марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.".
29. Дар ном ва матни моддаи 238 калимаҳои "апеллятсионӣ", "апеллятсиониро", "апеллятсионии" мувофиқан ба калимаҳои "кассатсионӣ", "кассатсиониро", "кассатсионии" ва калимаи "баровардани" ба калимаҳои "ба шахсони иштироккунандаи парванда фиристонидан ё ба онҳо супурдани" иваз карда шаванд.
30. Дар ном ва матни моддаи 239 калимаи "апеллятсионӣ" ба калимаи "кассатсионӣ" иваз карда шавад.
31. Дар моддаи 240:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "апеллятсионӣ" ва "апеллятсиониро" мувофиқан ба калимаҳои "кассатсионӣ" ва "кассатсиониро" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои "дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди дохилшавии шикоят ба марҳилаи апеллятсионӣ" ба калимаҳои "на дертар аз рӯзи дигари қабули он" иваз карда шаванд.
32. Дар ном ва матни моддаҳои 241-247 калимаҳои "апеллятсионӣ", "апеллятсионии", "апеллятсионие" ва "апеллятсиониро" мувофиқан ба калимаҳои "кассатсионӣ", "кассатсионии", "кассатсионие" ва "кассатсиониро" иваз карда шаванд.
33. Моддаи 248 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 248. Салоҳияти марҳилаи кассатсионӣ
1. Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рӯи натиҷаи баррасии парванда ба тариқи кассатсионӣ:
- санади судии суди марҳилаи якумро бетағйир мемонад, шикояти кассатсиониро қонеъ намегардонад;
- санади судии суди марҳилаи якумро пурра ё қисман бекор мекунад ва санади судии нав қабул менамояд;
- санади судии суди марҳилаи якумро пурра ё қисман бекор намуда, истеҳсолоти парвандаро қатъ менамояд ва ё аризаи даъвогиро қисман ва ё пурра бе баррасӣ мемонад;
- санади судии суди марҳилаи якумро бекор намуда, парвандаро барои баррасии нав ба суди иқтисодии дахлдор ирсол менамояд;
- санади судии суди марҳилаи якумро тағйир медиҳад;
- дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро барои баррасӣ ба сифати суди марҳилаи якум ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд;
- шикоятро баррасӣ намекунад, агар шахси шикоят пешниҳоднамуда бе сабабҳои узрнок ба маҷлиси коллегияи судии марҳилаи кассатсионӣ ҳозир нашавад ва дар бораи бе иштироки вай баррасӣ намудани парванда ариза надода бошад.
2. Марҳилаи кассатсионӣ дар сурати ба баррасии нав ирсол кардани парванда ҳуқуқ надорад ҳолати корро муайян ва ё исботшуда ҳисоб кунад, агар он дар санади судии суди марҳилаи якум муайян нашуда бошад ё рад карда шуда бошад, пешакӣ масъалаи дуруст ё нодуруст будани ин ё он далел, бартарии ин далелҳоро аз якдигар, татбиқ шудани меъёрҳои мушаххаси ҳуқуқи моддӣ ва ё қабул шудани  қарори дахлдорро ҳангоми баррасии нав ҳал намояд.".
34. Дар қисми 5 моддаи 249 калимаи "апеллятсионии" ба калимаи "кассатсионии" иваз карда шавад.
35. Дар моддаи 250:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "апеллятсионии" ва  "апеллятсионӣ" мувофиқан ба калимаҳои "кассатсионии" ва "кассатсионӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои якум, шашум ва ҳафтуми қисми 2 калимаи "фамилияи" ба калимаҳои "насаб, ном ва номи падари" иваз карда шаванд;
- аз қисми 5 калимаҳои "ва аз он ба суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намудан мумкин аст" хориҷ карда шаванд.
36. Дар ном ва матни моддаи 251 калимаҳои "апеллятсионӣ" ва "апеллятсионии" мувофиқан ба калимаҳои "кассатсионӣ" ва "кассатсионии" иваз карда шаванд.
37. Боби 32 хориҷ карда шавад.
38. Номи боби 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"БОБИ 33. АЗ НАВ БАРРАСӢ НАМУДАНИ САНАДҲОИ
СУДИИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДОКАРДА.
МУРОФИА ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ НАЗОРАТӢ".
39. Моддаҳои 270-285 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Моддаи 270. Аз нав баррасӣ намудани  санадҳои судӣ ба тариқи  назоратӣ
1. Санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст аз нав ба тариқи назоратӣ аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби мазкур Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шикояти шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони дар моддаи 41 Кодекси мазкур зикргардида, эътирози Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба парвандаҳои дар моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинигардида бо эътирози Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд.
2. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсон низ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур метавонанд ба тариқи назоратӣ санади судиро, агар гумон кунанд, ки бо ин санади судӣ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дар натиҷаи меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавиро риоя накардан ё нодуруст татбиқ намудани суди иқтисодӣ ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудаанд, мавриди баҳс қарор диҳанд.
3. Шикоят ё эътирози назоратӣ дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ ба тариқи назоратӣ мумкин аст ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати шаш моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо пешниҳод гардад.
Моддаи 271. Тартиби пешниҳод намудани шикоят ё эътирози назоратӣ
1. Шикоят ё эътирози назоратӣ бевосита ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Шикоят ё эътирози назоратӣ ба санадҳои судии зерин пешниҳод мегардад:
- оид ба ҳалнома ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодии марҳилаи якум - ба коллегияи судии марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба қарорҳои коллегияи марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 272. Мӯҳтавои шикоят ё эътирози назоратӣ
1. Шикоят ё эътирози назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назоратӣ ирсол мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва мавқеи мурофиавии ӯ дар парванда;
- насаб, ном ва номи падари дигар шахсони иштироккунандаи парванда, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо;
- зикри судҳое, ки парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум ё марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ намудаанд ва мӯҳтавои санадҳои судии қабулнамудаи онҳо;
- зикри санади судӣ, ки таҳти шикоят ё эътирози назоратӣ қарор гирифтаанд;
- ишора ба вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судҳо;
- хоҳиши шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ бо тартиб ва андозаи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба шикоят ё эътирози назоратӣ замима мегарданд.
2. Агар шикоят ё эътирози назоратӣ қаблан ба марҳилаи назоратӣ пешниҳод шуда бошад, дар он бояд ба қарори қабулнамудаи суд ишора гардад.
3. Дар шикояти назоратӣ мумкин аст рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронии шахси иштироккунандаи парванда ва намояндаи ӯ ва ё дигар маълумоти зарурӣ, ки барои баррасии парванда муҳиманд, нишон дода шаванд.
4. Шикояти назоратиро бояд шахси онро пешниҳоднамуда ё намояндаи ӯ имзо кунад. Ба шикояти назоратие, ки намоянда пешниҳод кардааст, ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима мегардад. Эътирози назоратӣ бояд аз ҷониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.
5. Ба шикоят ё эътирози назоратӣ нусхаи санадҳои нисбат ба парванда қабулнамудаи суд, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда шудаанд, замима мегардад.
6. Шикоят ё эътирози назоратӣ бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди шахсони иштироккунандаи парванда пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 273. Амали суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ баъди пешниҳод намудани  шикоят ё эътирози назоратӣ
Шикоят ё эътирози назоратии пешниҳодшуда бо супориши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ ба баррасии судяи ҳамин суд супорида мешавад.
Моддаи 274. Бе баррасӣ баргардонидани шикоят ё эътирози назоратӣ
Шикоят ё эътирози назоратӣ аз ҷониби судя дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи воридшавӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе баррасӣ дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад, агар:
- шикоят ё эътирози назоратӣ ҷавобгӯи талаботи пешбининамудаи моддаи 272 ҳамин Кодекс набошад;
- шикоят ё эътирози назоратиро шахсе пешниҳод карда бошад, ки барои муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ ҳуқуқ  надорад;
- мӯҳлати пешниҳоди шикоят ё эътирози назоратӣ нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад;
- то қабули шикоят ё эътирози назоратӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он дар хусуси баргардонидан ё бозхонди он дархост ворид шуда бошад.
Моддаи 275. Талаб карда гирифтани парванда дар асоси шикоят ё  эътирози назоратӣ
1. Дар ҳолати мавҷуд набудани асосҳои пешбининамудаи моддаи 274 ҳамин Кодекс судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози назоратиро қабул намуда, оид ба талаб карда гирифтани парванда аз суди дахлдор таъинот қабул мекунад.
2. Ҳангоми талаб карда гирифтани парванда судя ҳуқуқ дорад иҷрои санади судиро то хотимаи мурофиа дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ боздорад, агар дар шикоят ё эътирози назоратии пешниҳодшуда ё дар дигар дархост чунин хоҳиш зикр гардида бошад.
3. Иҷрои санади судии суди иқтисодӣ аз тарафи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости шахсе, ки бо шикоят дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ ба тариқи назоратӣ муроҷиат кардааст, ба шарте боздошта мешавад, ки аризадиҳанда имконияти баргардонидани иҷрои онро асоснок намояд ё ба тарафи дигари парванда ҷуброни зиёни имконпазирро аз рӯи парванда бо роҳи ба депозити суди иқтисодӣ, ки парвандаро дар марҳилаи якум баррасӣ менамояд, маблағи пулии дар доираи мавриди баҳс қароргирифтаро пардохт намояд ва агар суд бо мақсади таъмини мувозинати ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн боздоштани иҷрои санади судиро зарур шуморад.
Моддаи 276. Баррасии парвандаҳое, ки ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ талаб карда гирифта шудаанд
1. Парвандаи талаб карда гирифтаро судя дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳ баррасӣ менамояд. Чунин мӯҳлатро раиси суд ё муовини ӯ метавонад то як моҳи дигар дароз намояд.
2. Оид ба натиҷаи баррасии парванда, ки ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ талаб карда гирифта шудааст, судя таъиноти зерин қабул мекунад:
- оид ба рад намудани ирсоли парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ;
- оид ба ирсол намудани парванда ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ барои моҳиятан баррасӣ намудани шикоят ё эътирози назоратӣ.
3. Парвандае, ки ба баррасии суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ супурда шудааст, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ баррасӣ мегардад.
Моддаи 277. Таъинот оид ба рад намудани ирсоли парванда барои  моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
1. Таъинот оид ба рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- сана ва маҳалли қабул кардани таъинот;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинотро қабул кардааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод намудааст;
- маълумот дар бораи санадҳои судие, ки мавриди шикоят ё эътирози назоратӣ қарор гирифтаанд;
- асосҳои рад намудани ирсоли парванда ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ барои моҳиятан баррасӣ намудани он.
2. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ҳуқуқ доранд бо таъиноти судя ҷиҳати рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин ҳолат Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар хусуси ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ таъинот қабул мекунанд.
Моддаи 278. Таъинот оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
1. Таъинот оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- сана ва маҳалли қабул намудани таъинот;
- насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинот қабул кардааст;
- номи суди марҳилаи назоратие, ки парванда ба он ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ирсол мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст;
- маълумот дар бораи санадҳои судие, ки мавриди шикоят ё эътирози назоратӣ қарор гирифтаанд;
- зикри мӯҳтавои парванда, ки нисбат ба он санадҳои судӣ қабул карда шудаанд;
- зикри далелнокии асосҳо ҷиҳати ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он;
- пешниҳоди судяе, ки таъинот қабул кардааст.
2. Судя якҷоя бо таъиноти қабулкарда парванда ва шикоят ё эътирози назоратиро ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ ирсол менамояд.
Моддаи 279. Огоҳ намудани шахсони иштироккунандаи парванда оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
1. Суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда нусхаи таъинотро оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ ва нусхаи шикоят ё эътирози назоратиро мефиристонад. Вақти баррасии парвандаро суд бо назардошти имконияти ба маҷлиси судӣ ҳозир шудани ҳамаи шахсони иштироккунандаи парванда муайян мекунад.
2. Шахсони иштироккунандаи парванда оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда ба таври дахлдор огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии парванда монеа намегардад.
Моддаи 280. Тартиби баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
1. Суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ парвандаҳоро дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Дар маҷлиси судӣ шахсони иштироккунандаи парванда, намояндагони онҳо ва дигар шахсоне, ки шикоят ё эътирози назоратиро  пешниҳод кардаанд, агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, иштирок менамоянд. Агар прокурор ҳамчун шахси иштироккунандаи парванда бошад ва инчунин аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби назоратӣ эътироз пешниҳод гардида бошад, онҳо дар маҷлиси судӣ иштирок мекунанд.
2. Оид ба парвандае, ки бо тартиби назоратӣ дар Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё яке аз муовинони ӯ ё мутобиқи супориши онҳо дигар аъзои Раёсат ё дигар судяе, ки қаблан дар баррасии парванда дар ҳамин суд иштирок накардааст, маърӯза менамояд. Дар коллегияи судии марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси парванда яке аз судяҳои коллегияи судӣ маърӯза менамояд.
3. Маърӯзачӣ ҳолатҳои парванда, мӯҳтавои санадҳои судии вобаста ба парванда қабулгардида, асосҳои шикоят ё эътирози назоратӣ ва таъинот оид ба оғоз намудани мурофиаи назоратиро баён мекунад. Судяҳо метавонанд ба маърӯзачӣ савол диҳанд.
4. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида, агар онҳо ба маҷлиси судӣ ҳозир шуда бошанд, ҳуқуқ доранд оид ба парванда баёнот диҳанд. Аввалин шуда шахсе баёнот медиҳад, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст.
5. Ҳангоми баррасии парванда бо тартиби назоратӣ ҳамаи масъалаҳо бо овоздиҳии ошкоро ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул карда мешаванд.
6. Дар хусуси аз ҷониби суди марҳилаи назоратӣ қабул кардани қарор ба шахсони иштироккунандаи парванда иттилоъ дода мешавад.
7. Шахсони иштироккунандаи парванда метавонанд то баррасии шикоят ё эътирози назоратӣ аз шикоят ё  эътирози худ даст кашанд ва ё онро бозхонд намоянд.
Моддаи 281. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани санадҳои  судӣ бо тартиби назоратӣ
Асосҳо барои бо тартиби назоратӣ бекор кардан ё тағйир додани санадҳои судӣ ба таври ҷиддӣ вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ мебошад.
Моддаи 282. Қарори суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
1. Оид ба натиҷаи баррасии парванда бо тартиби назоратӣ суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ қарори асоснок мебарорад, ки бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- ном ва ҳайати суде, ки қарор қабул кардааст;
- сана ва маҳалли қабул кардани қарор;
- парвандае, ки нисбат ба он қарор қабул карда шудааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки бо тартиби назоратӣ ҷиҳати аз нав баррасӣ намудани парванда шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст;
- мӯҳтавои санадҳои судии таҳти шикоят ё эътирози назоратӣ қарордоштаи судҳои поёнӣ;
- қонуне, ки дар асоси он вобаста ба натиҷаҳои моҳиятан баррасӣ намудани парванда қарор қабул карда шудааст.
2. Қарори Раёсатро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори коллегияи судиро судяҳое, ки парвандаро бо тартиби назоратӣ баррасӣ намудаанд, имзо мекунанд.
Моддаи 283. Бо эътирози Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ягонагии таҷрибаи судӣ ва қонуният ҳуқуқ дорад ба коллегияи назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ эътирози асоснок ирсол намояд.
Моддаи 284. Салоҳияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии                      Тоҷикистон дар марҳилаи назоратӣ
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи назоратӣ салоҳияти зеринро дорад:
- санади судии суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро бетағйир мемонад, шикоят ё эътирози назоратиро дар бораи аз нав баррасӣ намудани парванда бо тартиби назоратӣ рад менамояд;
- санади судии суди иқтисодии марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро пурра ё қисман бекор мекунад ва парвандаро барои баррасии нав ирсол менамояд;
- санади судии суди иқтисодии марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро пурра ё қисман бекор мекунад ва шикоят ё эътирози назоратиро бе баррасӣ мемонад ё мурофиаи парвандаро қатъ мекунад;
- эътибори қонунии яке аз санадҳои судии оид ба парванда қабулшударо эътироф мекунад;
- санади судии суди иқтисодии марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро  бекор мекунад ё тағйир медиҳад ва агар ҳангоми татбиқ ё маънидодкунии меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ба иштибоҳ роҳ дода шуда бошад, парвандаро барои баррасии нав насупорида, ҳалномаи нав  қабул мекунад;
- дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро барои баррасӣ ба сифати суди марҳилаи якум ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
Моддаи  285. Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
1. Қарори суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ аз рӯзи қабул намудани он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
2. Нусхаи қарор ба шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони манфиатдор дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди қабули қарор фиристода мешавад.".
40. Дар қисми 2 моддаи 287 калимаҳои "марҳилаҳои апеллятсионӣ ва" ба калимаи "марҳилаи" иваз карда шаванд.
41. Ба Кодекс моддаҳои  2971, 2972, 3001, 3002, 3003 ва 3004 бо мазмуни  зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 2971. Барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда ҷиҳати  пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро
1. Барои ситонандагоне, ки мӯҳлати пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои иҷроро барои иҷро бо сабабҳои аз ҷониби суди иқтисодӣ узрнок эътирофгардида гузаронидаанд, мӯҳлати гузаронидашуда метавонад барқарор карда шавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Ариза оид ба барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда ба суди иқтисодие, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст ё ба суди иқтисодии маҳалли иҷро пешниҳод карда мешавад. Ариза тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 116 Кодекси мазкур баррасӣ мегардад.
3. Нисбат ба таъинот дар бораи барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда шахсони иштироккунандаи парванда метавонанд шикоят пешниҳод намоянд.
Моддаи 2972.  Тавзеҳи санади судии суди иқтисодие, ки бояд иҷро карда шавад
Ҳангоми носаҳеҳ будани санади судии суди иқтисодӣ, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст, иҷрочии суд ҳуқуқ дорад  ба суде, ки ин санади судиро қабул кардааст, ҷиҳати тавзеҳи санади судӣ муроҷиат кунад. Тавзеҳи санади судии суди иқтисодӣ тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 177 Кодекси мазкур дода мешавад.
Моддаи 3001. Ӯҳдадории судяи суди иқтисодӣ ҷиҳати боздоштани  истеҳсолоти иҷро
Судяи суди иқтисодӣ ӯҳдадор аст истеҳсолоти иҷроро дар ҳолатҳои зерин боздорад:
- фавти қарздор, фавтида эълон намудан ё бедарак ғоибшуда эътироф намудани қарздор, агар муносибатҳои ҳуқуқии муқаррарнамудаи  суд  вориси ҳуқуқиро иҷозат диҳад;
- ғайри қобили амал эътироф кардани қарздор;
- иштироки қарздор дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои  ҳарбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд ё бо хоҳиши ситонанда, ки таҳти ҳамин  шароит  қарор дорад;
- пешниҳоди даъво дар бораи аз ҳабс озод кардани (аз рӯйхат баровардани) молу мулке, ки  мутобиқи  ҳуҷҷати иҷро аз он ситонидан сурат мегирад;
- аз ҷониби  қарздор бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати иҷро, агар чунин баҳсро қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон иҷозат дода бошад.
Моддаи 3002. Ҳуқуқи судяи суди иқтисодӣ ҷиҳати боздоштани  истеҳсолоти иҷро
Судяи суди иқтисодӣ метавонад истеҳсолоти иҷроро дар ҳолатҳои зерин боздорад:
- азнавташкилдиҳии ташкилоте, ки қарздор мебошад;
- бо хоҳиши қарздор, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамояд;
- дар сафари тӯлонии хизматӣ қарор доштани қарздор;
- дар муассисаи статсионарӣ таҳти муолиҷа қарор доштани қарздор;
- кофтукови қарздор ва молу мулки ӯ;
- бо ариза ҷиҳати тавзеҳи санадҳои судӣ, ки бояд иҷро карда шаванд, муроҷиат намудани иҷрочии суд ба суде, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст;
- пешниҳоди шикоят нисбат ба амали (беамалии) иҷрочии суд ё дар бораи аз ҷониби ӯ рад  кардани амали иҷро.
Моддаи 3003. Мӯҳлати боздоштани истеҳсолоти иҷро
1. Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад:
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми  моддаи 3001, сархати якуми моддаи 3002 ҳамин Кодекс - то муайян намудани вориси ҳуқуқии қарздор, аз ҷониби суд додани молу мулки шахси бедарак ғоибшуда ба идоракунандае, ки мақомоти васоят ва парасторӣ таъин намудааст ё ба қарздори ғайри қобили амал таъин намудани васӣ ё ба охир расонидани азнавташкилдиҳии ташкилот;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати сеюми моддаи 3001, сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи 3002 ҳамин Кодекс - то аз хизмати ҳарбӣ озод шудан ё оғози хизмати ҳарбӣ мутобиқи қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргаштан аз сафари хизматӣ, баромадан аз муассисаи муолиҷавӣ ё ба охир расидани кофтукови қарздор ё молу мулки ӯ;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои чорум ва панҷуми моддаи 3001, сархати ҳафтуми моддаи 3002 ҳамин Кодекс - то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ё таъинот дар хусуси рад намудани қонеъгардонии даъво ё шикоят;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати шашуми моддаи 3002 ҳамин Кодекс - то эътибори қонунӣ пайдо кардани таъинот оид ба тавзеҳи санади судӣ.
2. Истеҳсолоти иҷро мутобиқи аризаи ситонанда ё бо ташаббуси суд ё иҷрочии суд баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани он гардидаанд, аз нав оғоз карда мешавад.
3. Мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда барои боздоштани истеҳсолоти иҷро метавонанд аз ҷониби суд кӯтоҳ карда шаванд.
Моддаи 3004. Қатъ намудани истеҳсолоти иҷро
1. Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад, агар:
- ситонанда аз ситонидан ё аз қабули молу мулке, ки ҳангоми иҷрои ҳалнома аз қарздор ҷиҳати супоридани он ба ситонанда мусодира гардидааст, даст кашида бошад;
- ситонанда ва  қарздор созиши оштӣ баста бошанд ва онро суд тасдиқ карда бошад;
- молу мулки ташкилоти барҳамхӯрда барои  қонеъгардонии  талаботи ситонанда нокифоя бошад;
- барои чунин навъи ситонидан мӯҳлати даъвои  муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта бошад;
- ҳалномае, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст, бекор карда шуда бошад.
2. Ҳангоми аз ситонидан даст кашидани ситонанда ва бастани созиши оштӣ байни ситонанда ва қарздор қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 138 Кодекси мазкур татбиқ мегарданд.
3. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои қатъ кардани истеҳсолоти иҷро, иҷрочии суд варақаи иҷроро бо сабти дахлдор ба суди иқтисодие, ки варақаи иҷроро додааст, ирсол менамояд. Чораҳои дигари таъинкардаи иҷрочии суд оид ба таъмини иҷро бекор карда мешаванд. Истеҳсолоти  иҷрои қатъгардида наметавонад аз нав оғоз карда шавад.".
42. Номи моддаи  301 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 301. Баррасии масъалаҳо дар бораи боздоштан, аз нав оғоз кардан ва қатъ кардани истеҳсолоти иҷро".
43. Моддаи 302 хориҷ карда шавад.
44. Моддаи 303 дар таҳрири  зайл  ифода карда шавад:
"Моддаи 303. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд
Ситонанда ё қарздор метавонад нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд оид ба иҷрои санадҳои судии суди иқтисодӣ  ё  рад кардани иҷрои чунин амалҳо шикоят  пешниҳод намояд. Шикоят ба суди иқтисодие, ки дар ҳудуди фаъолияти он иҷрочии суд ӯҳдадориҳои худро анҷом медиҳад, дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабули қарор, амал (беамалӣ), рад кардани иҷрои чунин амалҳо ё аз рӯзе, ки ситонанда ё қарздор аз қабули қарор, амал (беамалӣ) ё рад кардани  иҷрои чунин амалҳо аз тарафи иҷрочии суд огоҳӣ ёфтаанд, пешниҳод карда мешавад.".
45. Моддаи 304 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи  304. Мӯҳлат ва тартиби баррасии шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд
Шикоятро суди иқтисодӣ нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд ё рад кардани иҷрои чунин амалҳо дар мӯҳлати даҳ рӯз бо иштироки ситонанда, қарздор ва иҷрочии суд баррасӣ мекунад. Ба маҷлиси судии суди иқтисодӣ ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ гардидаанд, барои баррасии шикоят монеа шуда наметавонад. Вобаста ба натиҷаи баррасии шикоят ҳалнома қабул карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 июли соли 2012, № 869

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 апрели соли 2012,  № 747

 


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 322 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.12    №: 92-93    Мутолиа карданд: 3909
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед