logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" аз 15 майи соли 1997  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 147; с. 1998, № 10, мод. 74; с. 2002, № 4, қ.1, мод.179; мод.188; с.2007, № 6, мод. 434; мод. 437) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 3:
-  сархатҳои якум, сеюм ва ҳафтум   хориҷ карда шаванд;
-  дар сархати панҷум  калимаҳои "шартҳои техникӣ" ба калимаҳои "регламентҳои техникӣ" иваз карда шаванд.
 2. Дар қисми якуми моддаи 4:
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- сархатҳои дуюм ва чорум хориҷ  карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои "шартҳои техникӣ" ба калимаҳои "регламентҳои техникӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар ном ва матни қисми якум ва дуюми моддаи 5 калимаҳои "дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртӣ" ба калимаҳои "дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 6:
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти машрубот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- дар сархати панҷум  калимаҳои "шартҳои техникӣ" ба калимаҳои "регламентҳои техникӣ" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми сеюми моддаи 7 калимаи "стандартҳо" ба калимаҳои "регламентҳои техникӣ" иваз карда шавад.
6. Ҷумлаи якуми қисми чоруми моддаи  9 хориҷ карда шавад.
7. Дар моддаи 10 калимаҳои "шартҳои техникии" ба калимаҳои "регламентҳои техникии" иваз карда шаванд.
8. Моддаи 11 хориҷ карда шавад.
9. Дар моддаи 13:
- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, назорати додани иҷозатномаҳоро барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, сертификатсияи таҷҳизоти истеҳсоли спирти этилӣ ва машрубот, назорати риояи шартҳои ҳатмии барои машрубот ва ашёи хоми истеҳсоли он муқарраршуда, сифати спирти этилӣ ва машруботро дар бар мегирад.";
- аз қисми чорум калимҳои ", муайян кардани саҳмия (квота), декларация кардан" хориҷ карда шаванд.
10.     Дар қисми якуми моддаи 14:
- сархатҳои сеюм ва нӯҳум хориҷ карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум пас аз калимаи "талаботи" калимаи "ҳатмии" илова карда шавад;
- дар сархати ҳаштум аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 июли соли 2012, № 872

 


Қарори
Маҷлиси намояндагони
 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии
 Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу
муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 майи соли 2012, № 795


Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи
танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 346


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.12    №: 92-93    Мутолиа карданд: 3548
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед