logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 131; с. 2007, №5, мод. 368) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми якуми моддаи 11 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"таъмини махфияти маводи ба экспертизаи экологӣ пешниҳодшаванда;".
2. Қисми чоруми моддаи 22 хориҷ карда шавад.
3. Ба боби IV моддаи 241 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 241. Ҳифзи махфияти иттилооти дорои маълумот оид ба пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
Бо мақсади ҳифзи иттилооти махфии дорои маълумот оид ба пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, дорандаи он ҳуқуқ дорад, ҷиҳати ҳифзи иттилооти махфӣ, инчунин тартиби ба шахсони сеюм ошкор кардани он тадбирҳо андешад.
Махфияти иттилооти махфии дорои маълумот оид ба пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дорандаи он дар сурате муқаррар менамояд, ки иттилооти мазкур:
истифодааш маҳдуд ва маълум ба умум нест;
дорои арзиши тиҷоратӣ мебошад.
Низоми махфияти иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  сирри тиҷоратӣ муқаррар карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 июли соли 2012, № 873


Қарори
Маҷлиси намояндагони
 Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсол  ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона  бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш . ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 майи соли 2012, № 800


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру
иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва
агрокимиёҳо"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона  бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  14 июни соли 2012, № 348


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.12    №: 92-93    Мутолиа карданд: 3559
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед