logo

сафарҳо

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

11 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Худоёров, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев,  мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг, Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, Нуриддин Саидов, вазири маориф, Маликшо Неъматов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.


* * *
Бегоҳии ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, вориди шаҳри Боку - пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.
Дар  фурудгоҳи  байналмилалии  ба   номи Ҳайдар Алиеви шаҳри Боку Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистонро Яъқуб Аюбов, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ бо меҳмоннавозии хоса истиқбол гирифтанд.
Баъд аз маросими истиқбол Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо Октай Асадов, Раиси Маҷлиси Миллии (Порлумони) Озарбойҷон, мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳҳои густариши робитаҳои миёни ду кишвари дӯст, аз ҷумла равобити байнипорлумонӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон рушди муносиботи шарикӣ бо Озарбойҷонро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид ва таъкид дошт, ки наздикии мавқеъҳои ду кишвар доир ба масоили мубрами ҷаҳони муосир заминаи мусоиди густариши робитаҳо мебошад.
Дар ин росто ба нақши мақомоти олии қонунбарори ду кишвар дар таҳким ва рушди муносиботи барои ҳарду ҷониб судбахш баҳои баланд дода шуд.

* * *
12 июл дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Эмомалӣ  Раҳмон,  Сарвари  давлати  Тоҷикистон,  бо  эскорти  расмӣ  ва  роҳбаладии  қатори  мотосиклҳо  ба   қасри  Зугулба ташриф овард.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди ҳамин қасри муҳташам баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистонро Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, пешвоз гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо сафкашии горди фахрӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи салом ба онҳо ва изҳори эҳтиром ба Парчами давлатии Озарбойҷон ва ҳамчунин шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ва сипас зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.
Сарони ду давлат аз робитаҳои мунтазами мавҷуда ва рушди муносиботи судбахш изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки барои мавриди баҳрабардории васеъ қарор додани имконоти фарохи истифоданашуда ҷаҳду талош бояд кард.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки захираҳои фаровони башарӣ ва табиии Тоҷикистон ва имконоти фарохи сармоягузории Озарбойҷон метавонанд заминаи рушди бесобиқаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолии ду кишвар гарданд.
Илҳом Алиев ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда, ба зердастони худ дастур дод, ки доир ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ва кам кардани тарифҳои роҳи оҳани Озарбойҷон баҳри афзун намудани ҳаҷми боркашонии мутақобила тадбирҳои фаврӣ биандешанд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва ҳамгироии муштараки ду кишвар сурат гирифт.
Баъди анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
- Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;
- Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба эътироф ва баробарарзишии мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ;
- Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш;
- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Озарбойҷон;
- Шартнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Боку;
- Барномаи ҳамкории иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2013-2015;
- Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон;
- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум доир ба рушди ҳамкорӣ миёни КВД Ширкати алюминийи тоҷик (Талко) ва корхонаи алюминийи Озарбойҷон Азералюминий;
- Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҷониби сарони ду давлат -  Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ба имзо расид.
Сипас сарони ду давлат ҳамдигарро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон - Ордени Ҳайдар Алиев сарфароз гардонда шуд.
Ба Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон, мукофоти олии давлатии Тоҷикистон ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи 1 тақдим гардид.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба Озарбойҷон ва 10 санади нави имзошуда, аз ҷумла Барномаи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ ба густариши робитаҳои судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд.

* * *
13 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, аз як қатор корхонаҳои саноатии Озарбойҷон дидан карда, доир ба ташкили ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвари мо суҳбатҳои судбахш анҷом дод.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, нахуст ба корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ - «Азгунтек» ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуд. Тавре ки зикр гардид, корхонаи мазкур дар доираи татбиқи барномаи давлатии истифода аз манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2020 бунёд ёфта, фаъолияти ибратбахш дорад. Дар он панелҳо ва дигар ҷузъҳои зарурӣ барои неругоҳҳои офтобию бодӣ истеҳсол мешавад. Тавре ки зикр гардид, истеҳсоли саноатии чунин маҳсулот ва ба роҳ мондани истифодаи васеи он мутобиқ ба талаботи "иқтисоди сабз" ё худ пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист мебошад.
Зимни боздид аз технопарки «Сумгаит» (STP) аён гардид, ки дар он таҷҳизоти гуногун ва қисмҳои эҳтиётии зеристгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла ноқилҳои мухталиф, изолятор, панелҳои офтобӣ, шабакаҳои гармидиҳии офтобӣ, симҳои луч ва кабелҳои барқии пастшиддату баландшиддат барои истифода дар саноат ва рӯзгор истеҳсол мешавад. Тавре ки зикр гардид, ноқилҳои барқӣ аз алюминий ва мис истеҳсол шуда, барои он дар як сол то 50 ҳазор тонна алюминий истифода мешавад.
Корхонаи «Гринтек» («Greentech») бошад аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ бунёд ёфтааст. Сармоягузорон дар майдони 10 гектар истеҳсоли помидор ва дигар сабзавотро дар гармхонаҳо ба роҳ монда, ҳар сол то 6 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол мекунанд. Чунонки зикр гардид, давоми сол танҳо 1,5 моҳ барои коркард ва омодасозии замин сарф мешавад ва тӯли 10,5 моҳи дигар аз ин гармхонаҳо ҳосил мегиранд. Қисмати зиёди маҳсулот бо нархи гарон ба кишварҳои аврупоӣ содир карда мешавад.
Зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорони ин корхона ба ташкили чунин кор дар Тоҷикистон, ки обу хок ва табиати мусоид дорад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар шаҳри Боку, ҳамчунин Ҷиамперо Тривелла, директори генералии ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» («Socar Foster Wheeler»)-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре ки зикр гардид, ширкати мазкур омодааст, имконсанҷии техникӣ ва иқтисодии бунёди як корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистонро анҷом диҳад. Интизор меравад, ки ин корхона бо сармоягузорӣ ва иштироки якҷояи Тоҷикистону Озарбойҷон бунёд ёбад.

* * *
Баъди анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, шоми 13 июл ба Ватан баргашт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 94    №: 17.07.12    Мутолиа карданд: 2096
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед