logo

барқияҳо

17 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳомид Карзай, Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:...

Ҷалолатмаоб,
Фаро расидани 20-мин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фурсати фараҳбахше бароям муяссар намудааст, то Шумо ва мардуми бародари Афғонистонро бо ин санаи муборак дар таърихи муосири муносиботи байни кишварҳоямон табрику таҳният гӯям.
Пас аз соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон кишварҳои мо муносибатҳои сиёсии хешро барқарор намуда, ба марҳалаи ҷадиди рушду густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба ва судманди худ ҳусни оғоз бахшиданд.
Тайи бист соли аз ин рӯйдоди хотирмон сипаришуда Тоҷикистон ва Афғонистон, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёди замон, ҳамшарикии созандаи хешро ҳадафмандона идома дода, таҳким бахшиданд.
Дар такя ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии ҳусни ҳамҷаворӣ, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобила, мо ба манзури таъмини зиндагии осоишта ва манфиатҳои олии мардумонамон муносиботи миёни кишварҳоямонро ҳамаҷониба густариш дода, дар ҳама арсаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, илму маориф, фарҳангу ҳунар ба дастовардҳои бузург ноил гардидем.
Изҳори итминон менамоям, ки бар асари чунин ҳамдилӣ, пайгирии ҳамарӯза ва талошҳои муштараки тарафҳо равобити воқеан ҳасана ва мутақобилан судманди байни ду кишвари бо ҳам дӯст, ки омили муҳими сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо дар минтақа мебошанд, дар оянда ҳам ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳанд расид.
Бо ин нияти нек аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, Ҷалолатмаоб, сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми шарифи Афғонистон сулҳу суботи пойдор, саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.12    №: 95    Мутолиа карданд: 3425
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед