logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Эллис Уэллс

17 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, хонум Эллис Уэллс, директори кабири Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Русия ва Авроосиёро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои амнияту мудофиа баррасӣ шуданд.
"Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва ба тавсеаи ҳарчӣ бештари ҳамёрӣ бо он ҳавасманд аст", - изҳор дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвар, таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамгироӣ баъди соли 2014, яъне баъди хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон зоҳир гардид.
Хонум Эллис Уэллс ба нақши Тоҷикистон дар мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёту иҷтимоиёт дар Афғонистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат ва мардуми кишвари мо аз номи Ҳукумати Амрико арзи сипос кард.
Ӯ аз мавқеи геостратегии Тоҷикистон ва нақши муҳими созандаи он дар минтақа ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумаки техникии худро ба неруҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбути Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон афзун хоҳад кард.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мубрами вобаста ба амнияти минтақавӣ, густариши ҳамкории созанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.12    №: 95    Мутолиа карданд: 2272
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед