logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон: "Фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ таъмин карда шавад"!

Нимаи дуюми рӯзи 19 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар шаҳри Ваҳдат бо роҳбарону мутахассисон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷрои амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳо дар 6-моҳаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вазифаҳо барои оянда мушаххас гардиданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ, захира кардани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво барои зимистон зоҳир гашт.
Дастур шуд, ки "аз соли оянда дар заминҳои обӣ танҳо тухмиҳои хушсифати ғалла кишт шаванд, то ки аз ҳар га на кам аз 50 сентнер ҳосил ба даст ояд". Таъкид гардид, ки "дар сурати кишти ғалла дар 200 ҳазор га замини обӣ ва ба ҳисоби миёна рӯёндани 50 - сентнерӣ аз га 1 миллион тонна ғалладона ҷамъоварӣ мешавад, ки ин ба 90% талаботи бозори дохилӣ баробар аст ва ин бе назардошти ҳосил аз заминҳои лалмӣ".
"Васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва рӯёндани 2-3 ҳосил аз заминҳои обӣ омили муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар аст", - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва ба масъулини соҳа доир ба тезондани корҳо дар ин самт ва босамар истифода бурдани вақти барои ин кор боқимонда супоришҳои мушаххас дод.
Ба масъулини давлатӣ дастур шуд, ки ташаббусҳои ибратбахшу судманди соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба кушодани ҷойҳои нави кор мусоидат намоянд. Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо ёдоварӣ аз хисороти зиёди офатҳои табиии имсола ва талаф ёфтани 12 кас ба масъулин барои вусъат додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва босамар истифода бурдани маблағҳо ва техникаю механизмҳои ҷудошуда  дастуру ҳидоятҳо дод.
Аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бори дигар талаб карда шуд, ки қабули шаҳрвандонро дуруст ба роҳ монда, арзу шикояти онҳоро шунаванд ва ба додашон бирасанд.
Эмомалӣ  Раҳмон, Президенти кишвар, аз афзоиши ҷинояту қонуншиканӣ дар миёни ҷавонону наврасон изҳори нигаронӣ карда, доир ба тақвият додани таълиму тарбияи насли наврас супоришҳои мушаххас дод ва ҳамчунин падару модаронро ба эҳсоси масъулияти баланд дар парвариши фарзандон ҳидоят намуд.
Нигаронӣ ҳамчунин аз кам нашудани қонуншиканӣ дар тақсимоти замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ изҳор гашт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бори дигар аҳли нишаст ва кулли мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфта, нафарони сарватманду саховатпешаро ба кумаку дастгирии мискинон, ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон, мусофирон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳидоят кард.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳамчунин ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини дахлдори ҷумҳуриявиро шунида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки тавассути таъмини бозор бо молҳои арзону фаровон аз болоравии сунъии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон пешгирӣ карда шавад.
Аз роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дин ва Шӯрои уламои ҷумҳурӣ талаб карда шуд, ки дар миёни аҳли тиҷорат корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монанд, то ки онҳо дар ин моҳи шариф нархҳоро на қимат, балки арзон намоянд.

Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.12    №: 96    Мутолиа карданд: 1809
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед