logo

мулоқотҳо

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Паймони Неру

Рӯзи 20 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Урбан  Руснак, Дабири кулли Созмони Паймони Неруро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

"Тоҷикистон, ки дорои захираи бузурги энергетикӣ аст, бо ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор, аз ҷумла Созмони Паймони Неру ҳавасманди густариши ҳамкорӣ аст", - изҳор дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
Урбан Руснак низ дар навбати худ имконот ва иқтидори энергетикӣ, хусусан гидроэнергетикии Тоҷикистонро "бузургу фаровон" номида, изҳор дошт, ки "Созмони Паймони Неру ба рушди ҳамкории судманд бо Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин потенсиал манфиатдор аст".
Тавре ки Урбан Руснак иттилоъ дод, "Созмони Паймони Неру талошҳои Тоҷикистонро доир ба мавриди истифода қарор додани имконоти энергетикӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ дастгирӣ намуда, ба ин кишвар барои беҳсозии самарабахшии шабакаҳои барқӣ, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа кумак мерасонад".
Таъкид гардид, ки имконоти иқтисодӣ, энергетикӣ ва нақлиётию транзитии Тоҷикистон бояд ба нафъи кулли минтақа истифода шаванд.
Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, "ҳамаи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон бо назардошти манофеи тамоми кишварҳои минтақа тарҳрезӣ шудаанд ва мо ҳаргиз аз ғояҳои ба ҳамсоягон зиёновар пуштибонӣ намекунем".

www.president.tj

* * *
Урбан Руснак, Дабири кулли Созмони Паймони Неру, ки баъд аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хабарнигорон суҳбат мекард, натиҷаҳои мулоқоташ бо Сарвари давлат оид ба масоили ҳамкории кишвари мо бо ин созмони бонуфузи ҷаҳониро судбахш арзёбӣ кард. Мавсуф изҳор дошт, ки котиботи созмони мазкур аз тарҳҳое, ки мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ буда, амнияти энергетики Тоҷикистонро таъмин менамоянд, пуштибонӣ хоҳад кард.
Бино ба гуфтаи Урбан Руснак, дар мулоқот бо назардошти захираҳои фаровони энергетикии Тоҷикистон, зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба оид ба мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он мувофиқа ҳосил шудааст. Мавсуф қавл дод, ки ҷамъи лоиҳаҳои энергетикие, ки  дорои аҳамияти минтақавӣ буда, аз сӯи Тоҷикистон тарҳрезӣ мешаванд, Созмони Паймони Неру дастгирӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки коршиносони ин созмон фазои  сармоягузории Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, доир ба ироаи кумакҳои фаннии худ ҷиҳати коҳиш додани норасоии неруи барқ дар фасли сармо ва ҳамчунон содироти неруи изофӣ ба хориҷи мамлакат тасмим гирифтанд.
Бино ба андешаи Урбан Руснак, кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки аз раванди ҳамкориҳои зичу судовари давлатҳои Аврупо тавассути системаи воҳидии энергетикӣ таҷриба гиранд. Дар ин робита Созмони Паймони Неру ҷиҳати мусоидат дар рушди ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ омода аст. Дар ҳамин ҳол мавзӯи ҳамкориҳо дар бахши навсозии хатҳои интиқол ва таҷҳизоти барқрасонӣ дар Тоҷикистон низ дар миён хоҳад буд.
Бояд иттилоъ дод, ки қароргоҳи Созмони Паймони Неру дар шаҳри Брюссел аст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.12    №: 96    Мутолиа карданд: 2186
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед