маориф
Талабот ба хатмкунандагони донишкада зиёд аст
Зимни нишасти матбуотӣ Аслиддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, гуфт, ки имсол 271 нафар донишҷӯ таълимгоҳро хатм намуд.
Аз ин миқдор 146 нафар ба роҳхат ба ҷойҳои кор фиристода шуданд. Дигар хатмкунандагон ҷойи корро худ интихоб намудаанд ва ё муассисаҳои фарҳангӣ онҳоро даъват намудаанд. Сарвари таълимгоҳ дар ин маврид афзуд, ки талаботи муассисаҳои фарҳангӣ ба хатмкунандагони донишкада ҳамасола зиёд аст.
Хобгоҳи донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии "Хобгоҳи беҳтарин" дар пойтахт ҷойи 2-юмро сазовор гардид.
Ректор инчунин ёдовар шуд, ки таълимгоҳ бо донишгоҳу донишкадаҳои олии фарҳангу ҳунари Москва, Санкт-Петербург, Перм, Брянск, Якутск, Кемеров, Челябински Федератсияи Русия, донишгоҳу донишкадаҳои олии фарҳангу ҳунари ҷумҳуриҳои Украина, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон шартномаҳои ҳамкорӣ баста аст, ки ин ба пешрафти таълиму ҳунаромӯзии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон мусоидат мекунад.
Мафтуна БАХТИБЕКОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.12 №: 97 Мутолиа карданд: 5538