logo

мулоқотҳо

Ҳифзи сарҳад дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон пурзӯр гардид

26 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раиси умумии амнияти миллии Афғонистонро ки бо як ҳайати бонуфузи роҳбарияти сохторҳои қудратии мамлакаташон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории амниятию низомии ду ҷумҳурии  ҳамсоя, аз ҷумла ҳифзи муштараки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, пешгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир, баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади ду давлат  дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла қитъаҳои наздик ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, зоҳир гардид.
Роҳбарони мақомоти амниятию низомии Афғонистон бо итминон изҳор доштанд, ки барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади муштарак аз ҷониби кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз сарҳадшикании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён ва қочоқбарон чораҳои фаврию муассир меандешанд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки як гурӯҳ ҷангиёну қочоқбарони афғон, ки бо ҷинояткорони муқими Хоруғ ҳамкорӣ доштанд, дар хоки Афғонистон аллакай дастгир шудаанд ва ҳамгироии сохторҳои дахлдори ду мамлакат дар ду ҷониби марз босамар идома дорад.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баъди хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар, сурат гирифт.

www.president.tj

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ - вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Раҳматулло Набил - раиси умумии амнияти миллии ин кишвар баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хабарнигорон низ суҳбат карданд.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ изҳор дошт, ки бо ҳайати ҳамроҳонаш ҳомили паёме аз Ҳомид Карзай, Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ба Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар марзи ду кишвар буданд. Бино ба андешаи меҳмонон, феълан зарурати тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳифзи сарҳад ба миён омадааст. Зеро мавҷудияти марзҳои муштараки ду давлат ва таҳдиди гурӯҳҳои ҷинояткори созмонёфта ҷиҳати ба ҳам задани вазъи амну субот ба ин амр далолат мекунад.
- Мо дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии давлату мардуми Афғонистонро барои ҳамкории ҳамешагӣ дар ин самт эълон доштем. Айни ҳол мо неруҳои худро дар сарҳад тақвият додем, то дар амри саркӯб кардани гурӯҳҳои ҷинояткори созмонёфта дар Бадахшони Тоҷикистон мусоидат карда бошем.
Ин дар ҳолест, ки, ба бовари ҳайати меҳмонон, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба метавонад дар наздиктарин фурсат қазияеро, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттифоқ афтодааст, ҳал намояд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.12    №: 98    Мутолиа карданд: 2268
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед