logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Президент бо сафирони як қатор давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ

27 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, сафирони кишварҳои  Фаронса,  Британияи Кабир, Олмон, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо, кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кордори муваққатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба вазъи кунунии шаҳри Хоруғ ва роҳҳои ҳалли қазияи бамиёномада гуфтугӯ сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо далелҳои қотеъ изҳор дошт, ки ҳадафи амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷиноятпеша, пеш аз ҳама қотилони Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, мебошад.
Дар ин робита ахбори муфассали Шерхон Салимзода - Прокурори генералӣ ва Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовар, шунида шуд.
Дар мавриди амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, чунин изҳор дошт: «Тамоми чораҳо андешида мешаванд, то ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ силоҳ бар замин гузоранд ва ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ итоат намоянд».
Дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ дар навбати худ изҳор доштанд, ки онҳо зарурати гузаронидани амалиёти зидди гурӯҳҳои ҷиноятиро хуб мефаҳманд ва изҳори умед карданд, ки амну оромии аҳолии осоишта таъмин хоҳад шуд ва тафтишоти аъмоли нафарони дастгиршуда мунсифона ва бо риояи қонунҳои миллию байналмилалӣ сурат мегирад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.12    №: 99    Мутолиа карданд: 2208
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед