маориф
Убайдулло Қурбонов: шаффофият имкон медиҳад беҳтаринҳо донишҷӯ шаванд
- Ба ифтихори ҷашни 15-солагии Ваҳдати миллӣ ҷилдҳои 3, 4 ва 5-уми Энсиклопедияи мухтасари тиб бо теъдоди 1500 нусха бо сифати баланд аз чоп баромад. Дар ин давра 28 нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кард, - гуфт Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ бо хабарнигорон.
Зикр гардид, ки имсол донишгоҳро 1023 нафар хатм кард, ки аз он 37 нафар соҳиби дипломи аъло гашт. Муҳассилин дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олӣ ширкат намуда, сазовори ҷои дуюм гардиданд. Аз тарафи ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ба 30172 бемор ёрии табобатию машваратӣ расонда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти байналмилалии донишгоҳ бо ташкилоту созмонҳои хориҷӣ густариш ёфта, айни замон раёсати донишгоҳ бо зиёда аз 50 муассисаи бузурги илмию таълимӣ ва марказҳои муолиҷавии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Назар ба гуфтаи ректори донишгоҳ, соли равон мувофиқи нақшаи қабул 1200 донишҷӯ қабул мешавад, ки аз ин 560 ҷойи буҷавӣ ва 640 ҷойи шартномавист. Ба ҷойҳои муқарраршуда то 25 июл 2830 довталаб ҳуҷҷат супурдааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400 нафар зиёд аст.
Убайдулло Қурбонов дар посух ба саволҳои хабарнигорон таъкид намуд, ки шаффофияти қабули довталабон имкон медиҳад, беҳтаринҳо донишҷӯ шаванд ва дар рушди илми тиб ва ҳифзи тандурустии шаҳрвандон нуфузи бештаре пайдо намоянд.
Мунаввари САФАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.08.12 №: 100 Мутолиа карданд: 5610