маориф
Ҳамкориҳо самараи нек оварданд
Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шуъбаи рӯзона беш аз 5700 донишҷӯ аз рӯи 20 ихтисос ба низоми кредитии таҳсилот таълим гирифта истодаанд.
Ҳамчунин донишгоҳ нахустин таълимгоҳи олии кишвар аст, ки дар он Маркази ҳамоҳангсозии таҳсилот ба забони хориҷӣ оид ба модели аврупоии таҳсилот ташкил карда шудааст. Дар ин замина таъсиси гуруҳҳои академии таълимашон ба забони англисӣ аз рӯи ихтисосҳои менеҷменти байналмилалӣ, маркетинги байналмилалӣ, идораи фаъолияти иқтисодиёти берунӣ дар назар аст. Шумораи зиёди довталабони болаёқат имрӯзҳо ҳуҷҷатҳояшонро ба ин гурӯҳҳо супорида истодаанд. Донишгоҳ бо беш аз 60 мактаби таҳсилоти олии касбӣ ҳамкориҳои судманд дорад, ки ин ба беҳтар шудани сифати таълим, табодули таҷриба, такмили ихтисоси омӯзгорон мусоидат мекунад.
Барои фаъолияти факултаи муштараки тоҷикӣ-россиягии технологияҳои соҳавӣ ва идораи инноватсияҳо замина ба вуҷуд оварда шуд.
Зимни посух ректор изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ маоши омӯзгорону кормандон аз 15 то 40 фоиз баланд гардид.
Мафтуна БАХТИБЕКОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.08.12 №: 100 Мутолиа карданд: 5489