фармонҳои президент
Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Шамсов Н. Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шамсов Нуриддин Тоҷиддинович ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия) озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 июли соли 2012, № 1303
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.08.12 №: 101-102 Мутолиа карданд: 2486