logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод.2; мод.5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с.2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №806), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 11 калимаҳои "баррасии" ва "дар ҳаққи" мувофиқан ба калимаҳои "истеҳсолоти" ва "нисбати" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 12:
- дар қисми 1 калимаи "баррасии" ба калимаи "истеҳсолоти" иваз карда шавад; 
- дар қисми 2 калимаҳои "баррасии" ва "ҳуқуқии вайронкардаи ҳуқуқи маъмурӣ" мувофиқан ба калимаҳои "истеҳсолоти" ва "ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.
 3. Дар қисми 1  моддаи 14, қисми 1 моддаи 22, қисми 2 моддаи 31, қисми 2 моддаи 32, қисми 5 моддаи 33, қисми 2 моддаи 36, қисми 2 моддаи 51, моддаи 53, қисми 2 моддаи 746, қисмҳои 3,4,5 моддаи 764, қисми 3 моддаи 765, қисмҳои 1,2,3,4,5 моддаи 770, қисми 1 моддаи 771, қисми 1 моддаи 773, қисми 4 моддаи 778, қисми 2 моддаи 786, моддаи 795 қисми 1 моддаи 810, қисми 1 моддаи 813, қисми 2 моддаи 817, қисми 3 моддаи 819 ва қисми 2 моддаи 824   калимаҳои "дар ҳаққи" ба калимаи "нисбати" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 382:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "аз панҷ то даҳ" ба калимаҳои "аз се то панҷ" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "аз се то панҷ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 488:
- дар номи модда калимаҳои "яроқи оташфишон ва тирҳои он" ба калимаҳои "тапончаи пневматикӣ, яроқи оташфишон ва тирҳои онҳо" иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 баъд аз калимаҳои "гирифта гаштани" калимаҳои "тапончаи пневматикӣ," илова карда, калимаҳои "тирҳои он" ва "яроқ" мувофиқан ба калимаҳои "тирҳои онҳо" ва "онҳо" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "яроқи оташфишон ва тирҳои он" ба калимаҳои "тапончаи пневматикӣ, яроқи оташфишон ва тирҳои онҳо" иваз карда шаванд.
6. Дар ном ва матни моддаи 489 калимаҳои "яроқи оташфишон" ва "гузоштани он" мувофиқан ба калимаҳои "тапончаи пневматикӣ ва яроқи оташфишон" ва "гузоштани онҳо" иваз карда шаванд.
7. Ном ва диспозитсияи моддаи 490 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Модда 490. Саркашӣ аз фурӯши тапончаи пневматикӣ, яроқи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо"
Барои саркашӣ аз фурӯши тапончаи пневматикӣ, яроқи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо аз ҷониби шаҳрвандоне, ки мақомоти ваколатдор барои онҳо иҷозатномаи нигоҳ доштани чунин яроқро бекор кардааст,-".
8. Дар моддаи 491:
- дар номи модда калимаҳои "яроқи оташфишони суфтамили шикорӣ" ба калимаҳои "тапончаи пневматикӣ, яроқи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо" иваз карда шаванд;
- дар матни модда калимаҳои "бе фурӯхтани яроқи оташфишони суфтамили шикорӣ ва лавозимоти он" ба калимаҳои "фурӯши тапончаи пневматикӣ, яроқи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо" иваз карда шаванд.
9. Дар ном ва қисми 1 моддаи 492 калимаҳои "фурӯхтани яроқи оташфишони" ба калимаҳои "фурӯши тапончаи пневматикӣ, яроқи оташфишони" иваз карда шаванд. 
10. Ба санксияи моддаи 502 пас аз калимаҳои "аз бист то сӣ" калимаҳои "ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то шаст" илова карда шаванд.
11. Санксияи моддаи 503 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:  
"ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
12. Санксияи моддаи  505 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
13. Дар ном ва матни моддаи 547 калимаи "номувофиқ" ба калимаи "номуносиб" иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 548:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Бе иҷозат паҳн кардани реклама дар бораи мол ва хизматрасонӣ";
- дар матни модда калимаҳои "молу мулк" ба калимаи "мол" иваз карда шаванд.
 Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 августи соли 2012, № 877


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 июни соли 2012, № 842


Қарори Маҷлиси Миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 376


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.12    №: 101-102    Мутолиа карданд: 3654
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед