logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №23-24, мод. 350; с. 2003, № 8, мод. 458; c. 2006, №4, мод. 200; с. 2007, №3, мод. 177; № 7,  мод.  694; с.2008, №10, мод. 821; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели с. 2012, №824) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми дуюми моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 "Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба андозаи зайл пардохт карда мешавад:
100 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кор мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба кормандоне, ки аз минтақаи олудаи радиоактивӣ дар натиҷаи садамаи Чернобил ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашудаи офатҳои табиӣ ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои узвҳои ҳосилкунандаи хун (лейкози шадид), ғадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамҳои хатарнок кӯчонида шудаанд.
 70 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи ҳаштсола ва беш аз он доранд;
- ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;
- ба кормандони ятим, ки ба синни 23 нарасидаанд.
   60 фоизи музди меҳнат: 
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи то ҳаштсола доранд.".
2. Ба ном ва қисми дуюми моддаи 16 пас аз калимаи "дафн" ва ба қисми якуми ҳамин модда баъд аз калимаҳои "(кӯмакпулии маросимӣ)" калимаҳои "ба аъзои оилаи камбизоат" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди  амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 августи соли 2012, № 893

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                  Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 июни соли 2012, № 870

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" -ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 392


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.12    №: 101-102    Мутолиа карданд: 3662
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед