logo

сафарҳо

Боздиди Президент аз ноҳияи Ёвон

Субҳи 4 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, барои шиносоӣ бо нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафар кард.
Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз шиносоӣ бо рафти сохтмони корхонаи азими сементбарории "Хуаксин Ғаюр Семент" оғоз ёфт.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, ин корхона бо сармоягузории муштараки соҳибкорони тоҷику чиноӣ, ки ҳаҷми умумиаш ба 100 миллион доллари амрикоӣ баробар аст, бояд то моҳи августи соли оянда сохта ба истифода дода шавад. Иқтидори лоиҳавии корхона 1 миллион тонна сементи навъҳои 400 ва 450 дар як сол мебошад.  Ҳоло дар ин ҷо беш аз 400 нафар машғули кор аст. Баъди пурра ба кор даромадани корхонаи нав дар он зиёда аз 1100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад, ки 1000 корманди он шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳад буд.
То имрӯз корҳои заминӣ пурра ва бунёди зербинои корхона ба ҳадди 20 дарсад иҷро шуда, воридоти техникаю таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ босубот идома дорад.
Роҳбарияти  корхона  ба   Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои дар давраи сохтмон озод намудани ин корхона аз ҳамаи андозҳо ва боҷи гумрукии воридоти техникаю таҷҳизот арзи сипос намуда, уҳдадор шуданд, ки бо истеҳсоли маҳсулот дар рушди саноати кишвар ва ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ саҳми намоён хоҳанд гузошт.
Корхонаи нави семент ба ҳайси сӯзишворӣ ба ҷойи газ аз ангиштсанги ватанӣ истифода менамояд ва таҷҳизоти он ба талаботи ҷаҳонии экологӣ пурра ҷавобгӯ мебошад.  Ин корхона бо назардошти талаботи афзоянда ба семент дар бозори дохилӣ ва минтақавӣ бунёд меёбад ва ба гуфтаи роҳбарияти он баробари ба кор даромаданаш нархи ин маҳсулот дар дохили кишвар бояд хеле коҳиш ёбад, зеро бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ва сӯзишвории ангишт арзиши аслии он коҳиш меёбад.
Тавре иттилоъ дода шуд, моҳи сентябри соли равон 300 нафар ҷавонони тоҷик барои аз худ намудани ихтисосҳои муҳандисӣ-техникӣ ва технологии соҳа ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсил меравад ва барои омодасозии мутахассисони таҳсилоти  миёнаи коргарӣ пойгоҳи таълимии Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Ёвон васеъ истифода хоҳад шуд.
Роҳбарияти корхонаи "Хуаксин Ғаюр Семент"  тасмим гирифтааст, ки бар ивази як мактаби назди корхона онҳо барои мардуми ноҳияи Ёвон 2 мактаби нави замонавӣ сохта туҳфа мекунад. Бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат онҳо ҳамчунин уҳдадор шуданд, ки як боғчаи кӯдакона ва хонаҳои истиқоматӣ барои коргарони корхона бунёд намуда, дар навсозии роҳҳои мошингарди ноҳия ва хатҳои барқу оби он саҳмгузорӣ мекунанд.
Сипас бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, комбинати коркарди "Баракати шир"-и Ёвон ба кор дароварда шуд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶСП  "Комрон агро холдинг"  бо харҷи 2,5 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, 40 нафар - асосан занону духтарони маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин мекунад.  Бо ишора ба маоши ками онҳо Сарвари давлат, дастур дод, ки моҳонаи миёнаи коргарон аз ҳоло 800 сомонӣ ва аз соли нав 1000 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Тавре  ки зикр гардид, корхона корро аз коркарди 500 литр шир оғоз намуда, то охири сол бо назардошти талаботи бозор ба иқтидори лоиҳавии 5 тонна дар як шабонарӯз маҳсулоти ширӣ истеҳсол менамояд. Дар ин ҷо 10 намуд маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла кефир, ҷурғот, дуғоб, сметана, қаймоқ, творог, яхмос, панир ва ғайра истеҳсол мешавад.
Дар  маркази  шаҳраки  Ёвон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, як бинои навбунёди варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо варзишгарони маъруфи ноҳия суҳбат намуд.
Ин бинои сеошёна аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Мирзоев бо харҷи 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, аз толорҳои обутоби бадан бо асбоби варзишӣ, гуштӣ, таэквондо ва ғайра иборат аст.  Барои машқу тамрин дар ин толорҳо аллакай 14 мураббӣ ва зиёда аз 300 варзишгар номнавис шудаанд.
Дар паҳлӯи бинои варзишӣ як корхонаи дӯхти либоси кӯдакона бо харҷи 1 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад, ки он ҳам маҳсули фаъолияти соҳибкории Илҳом Мирзоев мебошад. Ин корхона бо иқтидори дӯхти 10 ҳазор либос дар як сол пешбинӣ шуда, дар он то 400 нафар зану духтар ба кори доимӣ  ҷалб  хоҳад  шуд.   Ин соҳибкор  аз  ташрифи  Эмомалӣ  Раҳмон, Президенти кишвар,ба коргоҳаш сарфароз гардида, уҳдадорӣ шуд, ки то моҳи августи соли оянда аз ҳисоби фоидааш боз як бинои боҳашамати варзишӣ бунёд менамояд.
Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари  давлат,  дар  корхонаи равғанбарории "Ато" сехҳои нави асосӣ ва экстраксионӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Корхонаи мазкур, ки  бо харҷи 2,5 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст,  бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад ва  асосан равғани рустанӣ, кунҷора ва дигар маҳсулот истеҳсол мекунад. Сехҳои нави он барои истеҳсоли равған аз чигити пахта, дони офтобпараст, маъсар, лӯбиё ва зағер пешбинӣ шудаанд. Корхона имкон дорад дар як шабонарӯз аз 80 то 100 тонна ашёи хомро коркард намуда, маҳсулоти тайёр истеҳсол намояд. Дар ин корхона 120 нафар ба кори доимӣ ҷалб шудаанд, ки 20 нафари онҳо мутахассисони баландпояи муҳандисӣ-техникӣ ва технологҳо мебошанд.
Сехи нави экстраксионӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, барои равғанкашӣ аз кунҷора нигаронда шудааст. Тавре ки зикр гардид, баъди коркарди асосии донҳои равғандор то 17 дарсад равған дар таркиби кунҷора мемонад. Аз ин хотир равғани боқимонда бо истифода аз технологияи махсус дар сехи экстраксионӣ аз кунҷора ҷудо карда мешавад. Баъди чунин коркард танҳо 1 фоиз равған дар таркиби кунҷора боқӣ мемонад. Дар ҳамин ҷо ба кунҷора ҳамзамон сафеда ва протеин илова мегардад, ки барои чорво фоидабахш аст.
Аҳли корхона ҳоло дар 12 га барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ маъсар кишт намудаанд ва оянда ният доранд, ки фаъолияти кишоварзиро барои таъмини корхона бо ашёи хом вусъат диҳанд. Сарвари давлат, ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки ба ин корхона барои кишти зироатҳои равғандор 300 га замини корам ҷудо намоянд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти ҷумҳурӣ, ба заминҳои ширкати чиноии Ҷинян Инхай, ки дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон воқеъ аст, ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами кишоварзони он бевосита шинос гардид.
Мавриди ёдоварист, ки ба ин ширкат дар асоси созишномаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ёвон 295 га замин барои дар амал нишон додани таҷрибаи пешқадами кишоварзони ин кишвар дода шудааст. Онҳо асосан заминҳои бекорхобидаи партов, шӯрзада, обҳои зеризаминиаш баланд ва камҳосилро дар муддати кӯтоҳ ба кори босамари кишоварзӣ мутобиқ месозанд ва аз он ҳосили баланди зироат ба даст меоранд.
Ҳадафи асосии ҳамкорӣ бо кишоварзони чиноӣ ворид намудани техникаю технологияи пешқадами соҳа, барқарорсозӣ ва ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои бесифати партов, ворид ва ҳосил намудани тухмиҳои хушсифати серҳосил ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Бинобар таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, "ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти озуқавории кишвар аз ҳисоби имкону захираҳои дохилӣ равона гардидаанд".
Кишоварзони чиноӣ дар 30 гектар замин ба таври таҷрибавӣ як навъи чиноии пахтаи серҳосилро кишт намудаанд ва бовар доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 60-сентнерӣ ҳосил мерӯёнанд. Дар чанд қитъаи дигар навъҳои нав эҷодшудаи пахта кишт карда шудааст. Серҳосилтарини ин навъҳои нав, ки ҳар ниҳолаш то 200 ва беш аз  он  кӯрак  дорад,  аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, "Дӯстӣ" номгузорӣ шуд.
Дар  180  га  замин  навъҳои  серҳосили  ҷуворимакка  кишт  намуда,  аз  ҳар  гектар  то  100-сентнерӣ  дон  гирифтанианд.  Таҷриба  нишон  медиҳад,  ки  дар  як сол  аз  заминҳои  обии  водиҳои Тоҷикистон  ду  ҳосили  дони    ҷуворимакка гирифтан мумкин аст.
Кишоварзони чиноӣ, дар ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румӣ асосан кишти пахта, ҷуворимакка, ғалладона, шолӣ, чормағзи заминӣ, сабзавот ва зироати лӯбиёиро таҷриба мекунанд.
Муваффақияти асосии кори онҳо истифодаи босамару камхарҷ аз техникаю мошинолоти кишоварзӣ ва тухмиҳои хушсифати серҳосил, дар зери пленка як моҳ барвақттар коридани зироат ва коркарди саривақтӣ ва илман асосноки заминҳои кишт мебошад. Ба гуфтаи мутахассисони таҷрибаомӯз, онҳо дар як гашти техника якбора якчанд амалиёти кишоварзиро иҷро намуда, ба замин дар як сол як бор, вале ба қадри кофӣ нурӣ медиҳанд ва хароҷоти худро ба маротиб кам мекунанд. Онҳо обро ҳам кам ва босамар истифода мебаранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвонро, ки дар ин ҷо барои суҳбат бо роҳбари давлат ва шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони чиноӣ ҷамъ омада буданд, ба омӯзиши ҳамаҷониба ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои пешқадами соҳа ҳидоят кард.
Зимни боздиди Сарвари давлат аз хоҷагии деҳқонии Абдураҳмонҷони ҷамоати деҳоти Даҳана, ки дар шафати заминҳои  кишоварзони чиноӣ қарор дорад, роҳбари он Абдумуталиб Охунов изҳор дошт, ки онҳо ҳоло таҷрибаи зироаткории ҳамсояи худро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва аз соли оянда онро дар амал татбиқ хоҳанд кард. Ин хоҷагӣ дорои 106 га замини корам буда, дар 60 га пахтаи навъи "Хуҷанд 67"  кишт намудаанд. Соли гузашта аз ҳар гектари он 31-сентнерӣ ҳосил гирифта, имсол умед доранд, ки ин нишондиҳанда ба 35 сентнер мерасад. Аз 20 га ғаллаи обӣ ба ҳисоби миёна 30-сентнерӣ ҳосил гирифта, дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ мегузаронанд. То имрӯз 9 га замин такроран кишт шудааст. Онҳо ҳамчунин дар 10 гектар  юнучқа ва полезӣ кишт намуда, дар 7 га боғи нави зардолу, гелос ва дигар дарахтони мевадиҳанда бунёд намудаанд. Хоҷагӣ дорои 60 саҳмдор буда, ҳар як ғайр аз маош бо 5 садяки замини коркардшудаи дар ихтиёрашон вогузоргардида, хӯроки ройгон ба чорво ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба кор ҳавасманд карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, зимни суҳбатҳо бо роҳбарияти ноҳия ва масъулони дигар аз қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз идораҳои обрасонӣ, ки қариб ба 8,5 миллион сомонӣ расидааст, қарзи маош ба кормандон, ҳолати бади мелиоративии зиёда аз 2 ҳазор гектар замини обӣ, берун мондани 130 га замини корам аз истифодаи кишоварзӣ ва қонуншиканиҳо дар соҳаи тақсимоти замин барои сохтмони манзил ёдовар шуда, барои бартараф кардани ин ва дигар камбудиҳои ҷиддӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.08.12    №: 103-104    Мутолиа карданд: 2192
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед