logo

мулоқотҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

8 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз сафирони нави Туркманистон, Ҷопон, Фаронса, Руминия, Африқои Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта эътимоднома қабул намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, пас аз қабули эътимоднома аз сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои Туркманистон, Ҷопон, Фаронса, Руминия, Африқои Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта ҳамаи онҳоро бо оғози иҷрои ин вазифаи муҳим дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду таҳкими муносибатҳои воқеан дӯстона ва ҳамкории судманди гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон Туркманистонро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номида, изҳори итминон намуд, ки муколамаи сиёсии доимии ду кишвар дар рафти сафари қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон ба Ашқобод идомаи бофайз хоҳад ёфт.
Аз раванди густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса, Ҷопон, Руминия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ низ изҳори қаноат карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз ҷумла доир ба дастгириҳои пайвастаи Ҷопон аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон чунин гуфт: "Дар давоми бист соли истиқлолият мо дастгириву мусоидати беғаразонаи ҷомеа ва давлати Ҷопонро пайваста эҳсос мекардем ва онро ҳамеша қадрдонӣ менамоем".
Барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Африқои Ҷанубӣ, қабл аз ҳама, тавсеаи заминаи меъёрии ҳуқуқии он зарур шумурда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба фаъолияти Ордени Мухтори Малта дар арсаи байналмилалӣ, ки дар пояи принсипҳои ғайрисиёсии гуманитарӣ ва бетарафӣ асос ёфтааст, баҳои баланд дода, ҳавасмандии Тоҷикистонро ба рушди ҳамкорӣ бо он таъкид дошт.

www.president.tj

* * *

Сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои Туркманистон, Ҷопон, Фаронса, Руминия, Африқои Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта баъд аз супурдани эътимодномаҳои худ ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳояшон бо Тоҷикистон изҳори хушбинӣ карданд.
Ин бардошти дипломатҳои хориҷӣ пас аз дидору гуфтугӯ бо Сарвари давлати Тоҷикистон, зимни қабули эътимодномаҳо ҳосил шудааст.
Аз ҷумла Чинор Рустамова, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор  дошт,  ки  зимни  мулоқот  бо Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни ҳамкориҳои кунунӣ ва таҳкими равобити минбаъдаи ду кишвари ба ҳам дӯст баррасӣ шудааст. Сафири нав ба ҳамкориҳои тиҷоратии ҳар ду давлат баҳои баланд дода, зикр намуд, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркманистон 18 миллион долларро ташкил додааст. Зимнан рушди ҳамкориҳо дар бахши энергетика ва нақлиёту алоқа дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифта, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, илму маориф, варзишу сайёҳӣ ба нафъи ҳар ду давлат дониста шудааст.
Дар ҳамин ҳол Шин Маруо, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, аз раванди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуд, ки бо истифода аз ваколатҳои худ барои густариши заминаҳои нави ҳамкории ду кишвар саъй хоҳад кард.
- Феълан муносибатҳои сиёсии Руминия ва Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ баёнгари дурнамои хуби равобити ҳар ду давлат аст, -  изҳор дошт Николае Уреке, сафири фавқулода ва мухтори Руминия дар Тоҷикистон.
Бино ба гуфти Фабрисио Франческо Виначия, сафири фавқулода ва мухтори Ордени Мухтори Малта дар Тоҷикистон, дар назар аст, ҳамкориҳои дуҷониба асосан дар се замина - тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ба роҳ монда шаванд.
Ҳамчунин сафирони фавқулода ва мухтори Фаронса ва Африқои Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ба вусъати ҳамкориҳои ҳасана таъкид намуда, рушду тақвияти онро рисолати худ донистанд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.12    №: 107    Мутолиа карданд: 2273
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед