фармонҳои президент
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2012:
- ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он 200 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони маъюб ба андозаи 60 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаҳои маорифу ҳифзи иҷтимоӣ (ба истиснои муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст) ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи фарҳанг (ба истиснои муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст) ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 157 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст) ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 30 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 104 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол 30 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 520 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 150 сомонӣ кам мебошад, ба 150 сомонӣ баробар карда шаванд;
- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 50 фоиз зиёд карда шаванд.
2. Аз 1 январи соли 2013 андозаи нафақаи заминавӣ 105 сомонӣ муайян карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2012 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
- дар мӯҳлати як моҳ қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намоянд;
- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, № 313 тасдиқ шудаанд, амалӣ намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 августи соли 2012, № 1313
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.08.12 №: 108 Мутолиа карданд: 2740