барқияҳо
Номаҳои шодбош ба сарони мамолики мусулмонӣ ба ифтихори Иди фитр
Ба муносибати фаро расидани иди саиди Фитр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ба унвони сарони мамолики мусулмонӣ аз Шарқи Дуру Наздик, кишварҳои олами арабу Африқо, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигарон номаҳои табрикӣ ирсол намуд.
Дар онҳо зимни табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарин ба роҳбарият ва мардуми ин кишварҳо барояшон таманнои сулҳу субот ва комёбиву дастовардҳо зикр гардидааст.
Ҳамзамон ба ин муносибат ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи сарони кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Тунис, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Ироқ ва дигарон номаҳои табрикӣ расиданд.
Вуруди номаҳои табрикӣ ба унвони Президенти мамлакат давом доранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.12 №: 109 Мутолиа карданд: 3594