номаҳо
Масҷидро ба пули гадоён месозанд?
Гадое, ки ҷуссааш аз ман азимтар, мисли як паҳлавон буд, садақа пурсид. Аз дари хона, дар моҳи шарифи Рамазон ноумедаш нагардонам гуфта, як сомонӣ ба сӯяш дароз кардам. Нагирифт, бештар хост. Се сомонӣ пешниҳод намудам, абрувонашро ба нишони эътироз гиреҳ баст ва гуфт, ки аз 10-15 сомонӣ бештар садақа диҳам, баски он барои сохтмони масҷид аст. Дарёфтам, ки дурӯғ мегӯяд, чун номи ноҳияву деҳаеро, ки дар он бояд масҷид созанд, ба забон овард. Дар он деҳа соле пештар масҷиди замонавӣ сохта буданд. Зарур шумурдам, ки дигар чизе ба ӯ нагӯяму дарро ба рӯяш бе додани садақа бипӯшам. Пиндоштам, ки ин амал барояш дарси ибрат мегардаду дар бораи кирдору суханаш меандешад. Аммо баъд фаҳмидам, ки дар ин маврид ғалат кардаам. Барояш ин усул нафъи бештар меовардааст. Аксари ҳамсояҳои мо дар доми фиреби ӯ афтода буданд. Ба онҳо гуфтам, ки аз оғози ислом то ба имрӯз, яъне дар ҳеҷ давру замон, ягон масҷидро бо пули ҷамъовардаи гадоён насохтаанд, аз ин рӯ фиребашонро нахӯранд.
Ман ин номаро ба он хотир барои гӯшаи "Розу ниёз" менависам, ки тавассути он гадоёни фиребгарро бишносанду фирефтаи масҷидсозиашон нашаванд.
Баҳром АЙНИДДИНОВ,
шаҳри Қурғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.12 №: 109 Мутолиа карданд: 5064