номаҳо
Иқдоми Амир дастгирӣ ёбад
Лариса ном духтари рус соли 1978 ба Маркази обуҳавосанҷии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба кор омад. Бо Абдуҷаббори Деҳҳисорӣ ошно ва хонадор шуд.
Лариса номи тоҷикии Хосиятро барои худ интихоб кард. Дар андак муддат забони тоҷикӣ ва расму оинҳои милливу маҳаллиро аз худ кард. Мардум ба ӯ эҳтироми зиёд мегузошт.
Пас аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ бо шавҳар ва фарзандонаш ба Маскав рафт. Шавҳараш алҳол дар қайди ҳаёт нест. Фарзандонаш Рустам дар Амрико ва Амир дар Маскав зиндагӣ мекунанд. Ҳар ду ба тиҷорат машғуланд. Ҳар ду ба Мастчоҳ, ба охирин деҳаи он - Деҳҳисор меоянд ва дар ободиву пешрафташ саҳм мегиранд.
Чанде пеш Амир ду бонуи русро, ки яке омӯзгори фанни забони инглисӣ ва дигаре муаллимаи фанни забони русӣ аст, ба Деҳҳисор овард. Мактаби деҳа ба чунин мутахассисон ниёз дошт. Онҳоро бо мошини сабукрав ва ҷойи зист таъмин кард. Бар замми маоше, ки аз таълими ин фанҳо мегиранд, Амир ба ин омӯзгорон маоши иловагӣ медиҳад.
Мани омӯзгор дар Кӯҳистони Мастчоҳ аз ин ҳиммату амали ҷавонмардонаи Амир бисёр шод гардидам.
Бо иншои ин нома барои гӯшаи "Розу ниёз" мехоҳам ба ӯ изҳори сипос ва ба дигар тоҷирон муроҷиат намоям, ки чунин иқдоми наҷибро пайравӣ кунанд.
Урватулло ТОИРОВ,
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.12 №: 109 Мутолиа карданд: 5120