номаҳо
Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд
Ман ин номаро барои гӯшаи "Розу ниёз"-и рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз номи сокинони маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе менависам. Ҳар сол дар фасли баҳор мо аз хавфи омадани сел нигаронем. Дар байни хонаҳо сойи хурди селгузар сохтаанд. Ҳар ду тарафи он бо битон маҳкам карда шудааст. Қисми болоияш ниёз ба таъмир дорад. Борон аз теппаҳо фаромада, хокҳои ду тарафи соҳили сойро хӯрда, бо сел ба поён меорад.
Барои пешгирии офати табиӣ мебояд қисми болоии сойро аз ду тараф бо битон мустаҳкам намоем. Дар ин ҳол маҷрои сел дар даруни сой ҷорӣ мешавад.
Инчунин лозим аст дар болои маҳалла ҳавзи на чандон калон сохта шавад, то он хоку лойи селро нигоҳ дорад. Ва ҳар сол ин ҳавз аз лою хок тоза карда шавад. Ин усули кор нисбат ба тоза кардани маҷрои сой осонтар ва маблағи камтар талаб мекунад. Барои таъмири сой гӯиё қариб 2 миллион сомонӣ маблағ лозим аст, ки ин миқдор нисбат ба маблағе, ки барои рафъи фалокату осебҳои овардаи сел масраф мешавад, хеле камтар аст. Ва дуруст гуфтаанд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд.
Бовар дорам, ки масъулон сари ин масъала меандешанд ва роҳи ҳалли онро меёбанд.
Маҳмадбек ЗАРОБЕКОВ,
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.12 №: 109 Мутолиа карданд: 5031