номаҳо
Мушкили сокинони Бартанг зиёд аст
Водии Бартанги ноҳияи Рӯшон дар қатори ноҳияи Мурғоб яке аз мавзеъҳои дурдасттарини кишвар ба ҳисоб меравад. Дар гузашта ин водӣ муддате ноҳияи алоҳида буд. Баъдтар боз ба ноҳияи Рӯшон ҳамроҳ карда шуд. Он дорои се ҷамоати деҳот буда, беш аз 20 деҳаи хурду миёнаро дар бар мегирад. Сокинони рустоҳои Ҷамоати деҳоти Савноб, ки деҳаҳои саргаҳи водии Бартангро дар бар мегирад, ҳанӯз ҳам аз набудани неруи барқ азоб мекашанд. Танҳо маркази ҷамоати деҳот бо қувваи барқи неругоҳи хурде, ки дар даврони шӯравӣ сохта шуда буд, каму беш таъмин мебошад. Дигар деҳаҳои гирду атрофи он, аз ҷумла деҳаҳои Рошорв, Нисур, Рухч, Ғудара, Бопасор, Барчидив ва Япшорв ба мушкилоти бебарқӣ дучор ҳастанд.
Сокинони ин минтақа ба буридани буттаи хору терескан ва дигар буттаҳое, ки аз ночорӣ ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешаванд, машғуланд. Махсусан, барои гузаронидани фасли зимистон, ки дар ин ҷо баъзан то 5 моҳ тӯл мекашад, сокинони бумӣ маҷбуранд ба буридани буттаҳо даст зананд, агарчи бо ин корашон ба табиат зарари ҷуброннопазир меоранд.
Аз ҷамоати деҳоти Савноб ба маркази ноҳияи Рӯшон алоқаи телефонӣ мавҷуд нест. Қариб ҳамаи хонаҳои фарҳанги ин водӣ харобу валангоранд. Сокинони ин минтақа зиндагии мушкил доранд, зеро аз як тараф агар роҳҳояшон дар фасли зимистон аз барф, дар фасли баҳор аз тармаю сел ва дар фасли тобистон аз обхезии дарёи Бартанг баста шаванд, аз тарафи дигар, бебарқии том мушкилоти аҳолии таҳҷоиро дучанд менамояд. Қобили зикр аст, ки дар якчанд соли охир бо кумаку дастгирии бевоситаи ҳукумату дигар созмонҳои ғайридавлатӣ роҳҳои водии Бартанг то андозае таъмиру навсозӣ шудаанд, вале ҳанӯз ҳам мошинҳои калонҳаҷм наметавонанд дар ин роҳ ҳаракат намоянд, зеро ин роҳ ниҳоят тангу борик аст.
Мо мехоҳем, ки мисли сокинони дигари ноҳияҳои кишвар шароити беҳтару хубтари иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ дошта бошем. Қадами неки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ба ҳар гӯшаи Бадахшон чун расид, он ҷо ободтару пешрафтатар шуд. Ба ин умед ташрифи ӯро бо ихлоси зиёд интизорем.
Назрулло ТОИРБЕКОВ,
Мулкамон АЛИФБЕКОВ,
ҷамъ 30 имзо,
ноҳияи Рӯшон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.12 №: 109 Мутолиа карданд: 5052