logo

номаҳо

Дастгирӣ намудем, инак, ҷавоб!

Номаи Ҳайдари Рустам, собиқ  омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро, ки бо номи "Мо интизори ҷавоб ва дастгирием" (Ҷумҳурият", 21 июли 2012) ба табъ расида буд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дод. Муаллиф бо хоҳиши худаш аз 1 июли соли 2011, дар синни 58, тибқи моддаи 60 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъиноти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба нафақаи имтиёзнок баромада буд. Маблағӣ нафақаи  ӯ 340 сомонию 38 дирамро ташкил дод.
Муаллиф изҳор доштааст, ки "…он маблағи ками нафақа ба рӯзгораш намерасад, аммо ӯ дар ин ҳол дигар ҳатто имтиёзҳои як омӯзгореро, ки рӯзи аввал ба фаъолият шурӯъ кардааст, надорад".
Дар ноҳияи Ванҷ вобаста ба шароиту имкониятҳо ба ҳамаи омӯзгорон имтиёзҳо муқаррар гардидаанд ва аз он баҳравар шудаанд. Аз ҷумла, ба собиқ омӯзгор Ҳайдари Рустам аз 7 январи соли гузашта 1,35 га замини корам, 0,6 га боғ ва 3,45 га замин барои истифодаи дигар корҳо ба меросии якумра дода шуд. Ин барои гузаронидани рӯзгори хонаводагияш басанда аст.
Мақомоти иҷроия ба ҳангоми гузаронидани тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони маъруфу барӯманд ва фаъолони ноҳияро даъват менамояд ва ба онҳо ёрии моддӣ мерасонад.

Амрихудои ДАМДОР,
раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.12    №: 110    Мутолиа карданд: 5061
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед