logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дирк Нибел

25 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Дирк Нибел, вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеролии Олмонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ бо назардошти имконоти фарохи бозорҳои Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.
Дирк Нибел таъкид дошт, ки Олмон ба дастгирии лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ки ба рушди кулли минтақа нигаронда шудаанд, манфиатдор аст.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои иҷтимоию сиёсии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, Олмон ба Тоҷикистон дар пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадаш бо Афғонистон, дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ кумаки худро ҳамоно идома медиҳад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

www.president.tj


Дар мулоқоти Эмомалӣ  Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Дирк Нибел, вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеролии Олмон, бо қаноатмандӣ аз равобити ҳасанаи 20 - солаи байни ду кишвар ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои гуногун таъкид шудааст.
Ин матлабро Дирк Нибел пас аз мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон баён намуд. Бино ба андешаи ӯ, Тоҷикистону Олмон дар зарфи 20 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ дар самти равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судбахши тарафайн ба пешрафтҳои амиқ даст ёфтаанд.
Вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеролии Олмон итминон дод, ки кишвараш дар пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон, мубориза бо терроризму экстермизм ва суботи минтақа дар канор нахоҳад буд. Ҳамзамон тавсеа бахшидани ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши иқтисод, энергетика, нақлиёту алоқа ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ дар меҳвари гуфтугӯи ду ҷониб қарор гирифтааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.12    №: 111    Мутолиа карданд: 2634
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед