барқияҳо
24 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Виктор Янукович, Президенти Украина, барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Муҳтарам Виктор Фёдорович,
Ба муносибати солгарди иди миллии Украина - Рӯзи истиқлолият табрикоти самимонаамро бо қаноатмандии зиёд ба Шумо ва ҳамаи халқи Украина ирсол медорам.
Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Украина аҳамияти бузург дода, ҷонибдори минбаъд ба он бахшидани мазмуни мушаххас аст.
Мо аминем, ки ҳамкориамонро, ки дар анъанаҳои мустаҳками дустӣ ва ҳамкории мутақобилан муфид қарор дорад, бо саъю кӯшишҳои муштарак таҳким мебахшем. Бовар дорам, ки муносибатҳои байни ҳар ду халқу давлатҳоямон ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва назардошти манофеи ҷонибайн такя карда, пайгирона рушду густариш ёфта, бахшҳои нав ба навро фаро мегиранд.
Иҷозат фармоед ба Шумо, муҳтарам Виктор Фёдорович, тансиҳатии бардавом, комрониҳо ва ба халқи бародари Украина беҳбудӣ ва шукуфоии минбаъдаро орзу намоям.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.08.12 №: 111 Мутолиа карданд: 3507