мулоқотҳо
Гуфтугӯҳои судманд бо Алии Хоманаӣ ва Осиф Алӣ Зардорӣ
30 август дар шаҳри Теҳрон мулоқоти 16-уми сарони давлатҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд ба кори худ оғоз намуд.
Дар он дар баробари роҳбарони як зумра давлатҳои ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ширкат кард.
Дар ҳамоиш 24 президент, 3 шоҳ, наздики 80 роҳбари ҳукумат ва ё вазорат аз кишварҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон ва намояндагони воломақом аз созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Пан Ги Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ширкат доштанд.
Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд дар шаҳри Теҳрон Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Алии Хоманаӣ, Роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, мулоқот намуд.
Бо изҳори хушнудӣ аз ҳамдилию ҳамбастагии амиқи давлатҳо ва мардумони Тоҷикистону Эрон изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ миёни ду кишвар мувофиқ ба талаби рӯз ва имкону захираҳои мавҷуда рушд хоҳад кард.
Пайвастагии мунтазами робитаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни роҳбарии ду кишвар омили муҳими густариши муносиботи ҳасана номида шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон 150 ширкати эронӣ кору фаъолияти босамар дорад.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ чун ҷанбаҳои муҳимтарини робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дорои дурнамои умедбахш аст.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин перомуни ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Теҳрон ҳамчунин бо Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон, мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Назорати пайвастаи рафти иҷрои санадҳои баимзорасида ва қарорҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷониба зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки корҳо барои пайвастани роҳҳои оҳану мошингард, шабакаҳои барқии миёни ду кишвар ва ифтитоҳи хатсайри мунтазами ҳавоӣ чун василаи густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бояд тезонда шаванд.
Ба имзо расондани Созишномаи тиҷоратии сеҷониба миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чоргонаи Покистон-Чин-Қазоқистон ва Қирғизистон низ аз роҳҳои муассири густариши тиҷорат номида шуд.
Зикр гардид, ки алҳол дар Тоҷикистон 12 корхонаи муштараки ду кишвар фаъолият мекунад. Бештари онҳо ба дорусозӣ, истеҳсоли маснуоти оҳанӣ, коркарди пӯсти чорво ва тиҷорат машғуланд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин перомуни масоили амнияти минтақавӣ, дурнамои вазъи Афғонистони ҳамсоя ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.
Бо ҳамин сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба поён расид ва шоми рӯзи 30-юми август Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, аз Теҳрон ба Душанбе омад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.09.12 №: 112 Мутолиа карданд: 2466