барқияҳо
Барқияи шодбош ба Ислом Каримов
1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ислом Каримов, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба муносибати солгарди истиқлолияти ин кишвар барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич!
Солгарди истиқлоли миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман имкони муносибе фароҳам меорад, то Шумо ва халқи кишвари Шуморо бо ин санаи таърихӣ табрик намоям.
Тоҷикистон ҷонибдори мутмаини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созандаи байни ду кишвар, ки ба усулҳои эътимоди мутақобила, ҳуқуқи баробар ва эҳтироми ҳамдигар, анъанаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, боқӣ хоҳад монд. Мо бовар дорем, ки чунин ҳамкорӣ на фақат ба манфиати кишвару халқҳои мост, балки умуман ба манфиати минтақа низ хидмат мекунад. Дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумо, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, сиҳатмандию комёбиҳо, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.09.12 №: 113 Мутолиа карданд: 3451