барқияҳо
31 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Алмазбек Отамбаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, барқияи шодбош ирсол
намуд, ки дар он
чунин омадааст:...
Муҳтарам Алмазбек Шаршенович,
Аз самими қалб Шумо ва ҳамаи халқи Қирғизистонро бо солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон табрик менамоям.
Тоҷикистон ният дорад баҳри истифодаи иқтидори ғании муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои мо, ки робитаи онҳо решаҳои амиқи таърихиро дорост, тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ диҳад.
Ман аминам, ки ҳамкории байни давлатҳои мо минбаъд низ ба манфиатҳои халқҳои мо дар роҳи сулҳу субот ва пешравӣ ба таври рӯзафзун рушд меёбад.
Бо истифода аз ин фурсати муҳим ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шаршенович, саломативу комёбиҳо ва ба халқи дӯсти қирғиз сулҳу беҳбудӣ таманно дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.09.12 №: 114-115 Мутолиа карданд: 3512