президент
Машварати корӣ дар ҳузури Президент
5 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар назди роҳбарони сохторҳои масъули давлатӣ доир ба ин ва дигар мавзуъҳои ҳалталаб, аз ҷумла омодагии ҷиддӣ ба зимистон, вазифаҳои мушаххас гузошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.09.12 №: 114-115 Мутолиа карданд: 25417