мулоқотҳо
Мулоқот бо президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп
1 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Тию Кейперс - Президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп (Big Media group) - ро ба ҳузур пазируфт.
Тию Кейперс ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, нусхаҳои нахустини китоби "Наҷотбахши миллат"- ро ки дар Аврупо бо забонҳои инглисӣ ва фаронсавӣ ба нашр расиданд, тақдим намуда, иттилоъ дод, ки маросими муаррифии расмии ин китоб ва ҳам шумораи навбатии маҷаллаи "THE EUROPEAN TIMES", ки пурра ба Тоҷикистон бахшида шудааст, рӯзи 3 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон ба Тию Кейперс ва ҳайати эҷодии ширкати Биг Медиа Груп барои нашри ин китоб бо забонҳои инглисию фаронсавӣ ва ҳам барои ба муаррифии Тоҷикистон бахшидани шумораи навбатии маҷаллаи "THE EUROPEAN TIMES" арзи сипос карда, таъкид дошт, ки чунин ҳамкорӣ минбаъд низ ба хотири шиносоии шоистаи ҷаҳониён бо таъриху тамаддуни гузаштаю имрӯзаи тоҷикон ва имконоти фарохи иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангии кишвари мо бояд идома ёбад. Шумораи ба Тоҷикистон бахшидашудаи маҷаллаи «THE EUROPEAN TIMES» бо теъдоди 500 ҳазор нусха чоп шуда, ҳамчунин дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷой дода шудааст, ки аллакай беш аз 1 миллион хонанда бо он шиносоӣ пайдо намудааст.
Китоби "Наҷотбахши миллат", ки ба фаъолияти гуногунпаҳлуи Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар зарфи 20 соли истиқлоли кишвар бахшида шудааст, беш аз ҳама заҳматҳои шаборӯзии ин шахсияти таърихиро дар роҳи ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеаи тоҷик, бозгашти гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули Конститутсия ва истиқрори сохти давлатии ҷумҳурӣ инъикос мекунад. Китоб бо забонҳои инглисию фаронсавӣ мутаносибан бо унвони THE ARCHITECT OF PEACE ва L'ARCHITECTE DE LA PAIX бо сифати баланд ба нашр расид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.10.12 №: 128-129 Мутолиа карданд: 2335