барқияҳо
Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао
Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ху Тсзинтао, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:
"Муҳтарам ҷаноби Раис,
Ба муносибати солгарди эълон шудани Ҷумҳурии Мардумии Чин табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринамро шахсан аз номи худ, Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва дар шахси Шумо ба халқи дӯсти Чин ирсол медорам.
Чини ба мо дӯст тайи даҳсолаҳои охир дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ба муваффақиятҳои шоёни таҳсин ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон аз обрӯи баланд бархӯрдор аст ва ҳамеша ҷонибдори таъмини амнияту суботи ҷаҳон мебошад.
Тоҷикистон, чун ҳамсояи наздиктарини Чин, ки онро ҳазорҳо риштаҳои дӯстӣ бо ин кишвар пайваст менамоянд, ба ин дастовардҳо назари нек дорад.
Мо анъанаҳои пуршарафи ҳамсоягии ҳақиқии нек, ҳисси самимонаи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни таваҷҷуҳ нисбат ба якдигарро, ки халқҳоямонро бо риштаҳои канданашаванда пайваст менамоянд, қадр мекунем ва ҳамеша ҷонибдори нигоҳ доштан ва афзун намудани ин анъанаҳои нек мебошем.
Мо аз сатҳи муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ҳам дар бахши сиёсӣ ва ҳам дар бахшҳои иқтисодию гуманитарӣ ва, албатта, аз рушди босуръати мушорикати мутақобилан муфидамон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои куллии ҳар ду халқ ва умуман минтақа мебошанд, қаноатмандем. Мо имрӯз ҳам метавонем, самараҳои зиёди ин ҳамкориро намоиш диҳем.
Мулоқотҳоеро, ки мову Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, чанде пеш дар доираҳои ҳам Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳам дар ҳошияи сафари давлатиам ба кишвари зебои Шумо доштем, бо камоли самимият ба хотир меорам. Мо тайёрем, ки муколамаи доимию боварибахши сиёсиро ба манзури вусъат бахшидану такмил додани муносибатҳои байни кишварҳоямон дар ҳамаи соҳаҳое, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, минбаъд ҳам густариш диҳем.
Тоҷикистон ба рушди бемайлони ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин аҳамияти бузург дода ва ҷонибдори минбаъд ҳам бо мазмуни нави мушаххас ғанӣ гардонидани он мебошад.
Ин воқеаи гуворо ба ман имконият медиҳад, ки ба Шумо, ҷаноби Раис, тансиҳатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва ба халқи Чини Бузург беҳбудӣ ва сулҳу шукуфоиро таманно намоям".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.10.12 №: 128-129 Мутолиа карданд: 3550