барқияҳо
Барқияи меҳр ва некхоҳӣ
3 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Йоахим Гаук, Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон, барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:
"Ҷаноби Олӣ,
Боиси хушнудист, ки Шумо ва мардуми дӯсти Олмонро ба муносибати солгарди фархундаи ҷашни миллии кишваратон сидқан табрику таҳният мегӯям.
Тайи солҳои охир равобит ва ҳамкории ду мамлакат хислати муназзам ва васеъ касб кард, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мост.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои гуногун дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду давлат рушду густариши беш аз пеш хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чи бештари ин муносибатҳо, ки дар айни замон омили муҳими таъмини сулҳу субот ва ҳамкории созанда дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Ба ҷаноби Президент сиҳатии комилу муваффақият ва ба мардуми кишвари дӯсти Олмон шукуфоиву саодат хоҳонам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.10.12 №: 130 Мутолиа карданд: 3495