logo

мулоқотҳо

Сиаою Жао ба Тоҷикистон ташриф овард

9 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Сиаою Жао, ноиби президенти Бонки осиёии рушдро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дарозмуддати Тоҷикистон бо ин бонки соҳибнуфуз баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар солҳои гузашта бонки мазкур ба Тоҷикистон дар ҳаҷми қариб 1 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёрии техникӣ пешниҳод намудааст ва ҳоло бо маблағи умумии 530 миллион доллари амрикоӣ як зумра лоиҳаҳои дигар дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Ҳамчунин хотиррасон гардид, ки тибқи Барномаи шарикии Бонки осиёии рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 барои беҳтар намудани шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва идоракунии минтақавӣ 200 миллион доллари амрикоӣ асосан дар шакли грант ҷудо мегардад.
Тазаккур дода шуд, ки ҳоло бо маблағгузории грантии Бонки осиёии рушд роҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон мавриди навсозӣ қарор дорад ва барои анҷом додани ҳамин кор дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент - сарҳади Ӯзбекистон низ қарори дахлдор қабул шудааст.
Аз ин хотир Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарияти Бонки осиёии рушд арзи сипос карда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд ин ҳамкории мутақобилан судманд боз ҳам густариш меёбад.
Доир ба густариши ҳамкорӣ барои беҳсозии минбаъдаи шабакаҳои нақлиётию энергетикии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли неруи барқ, кашидани лӯлаҳои газ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

www.president.tj

* * *
Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки осиёии рушд дар самти таҷдиди шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ, татбиқи босамари лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли неруи барқ, кашидани лӯлаҳои газ ва рушди бахши хусусӣ дар меҳвари суҳбати Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сиаою Жао, ноиби президенти Бонки осиёии рушд, қарор гирифт.
Сиаою Жао пас аз мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон ин матлабро дар ҳузури хабарнигорон баён намуда, афзуд, ки бонки мазкур ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат бо кишвари мо ҳавасманд аст. Ӯ бо қанотамандӣ аз натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки минбаъд низ барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба талош хоҳад кард. 
Ноиби президенти Бонки осиёии рушд аз натиҷаи мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушҳолӣ намуда, итминон дод, ки ин дидор ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла иҷрои босамари «Барномаи шарикии Бонки осиёии рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014» такони нав мебахшад.
Ҳайати намояндагии ин бонки бонуфуз дар доираи сафар ба Тоҷикистон,  ҳамчунин бо аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти бахши иқтисодии кишвар низ вохӯрӣ анҷом дода, масоили зиёди мавриди назарро баррасӣ карданд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.12    №: 132    Мутолиа карданд: 2382
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед