мулоқотҳо
Владимир Колоколтсев дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
10 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Федератсияи Русияро, ки барои иштирок дар маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноёте, ки дар заминаи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир содир мегарданд, зоҳир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, аз ҳамгироии босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳои гуногун ва дастгир кардани ҷинояткорони пурхатар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки робитаҳои самарабахши вазоратҳои корҳои дохилии ду мамлакат минбаъд дар самти мубодилаи иттилооти фаврӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа ва расондани ёрии техникӣ бояд боз ҳам густариш ёбанд.
Изҳори боварӣ шуд, ки зимни маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва баланд бардоштани самарабахшии он қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.12 №: 132 Мутолиа карданд: 2422