мулоқотҳо
Мишел Платини дар Душанбе
10 октябр, нимаи дуюми рӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, Мишел Платини, Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА)-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳолати кунунию дурнамои футболи тоҷик ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо УЕФА ва созмонҳои вобаста ба футболи кишварҳои Аврупо баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз маҳбубияти баланд ва рушди батадриҷи футбол дар Тоҷикистон ҳикоят карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар ояндаи наздик ин намуди варзиш дар кишвари мо оммавияти боз ҳам бештар пайдо мекунад ва футболбозони тоҷик ба қуллаҳои баланди мусобиқоти бонуфузи он дастёб мешаванд.
Гуфтугӯи судманд доир ба бунёди иншооти муосири варзишӣ, тарғиби оммавияти тарзи ҳаёти солим, омодасозии футболбозони наврас, такмили ҳунари онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ташкил намудани бозию мусобиқаҳои шавқовари минтақавӣ ва дигар роҳҳои рушди футбол дар Тоҷикистон ва мамолики минтақа сурат гирифт.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво Эмомалӣ Раҳмон ва Мишел Платини ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкорӣ доир ба рушди футбол таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.12 №: 132 Мутолиа карданд: 2365