барқияҳо
Барқияи ҳамдардӣ ба унвони
Президенти Украина
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25 декабр ба унвони Президенти Украина Виктор Юшенко барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
Виктор Андреевичи мӯҳтарам, аз хабари фоҷиаи дар шаҳри Евпатория рухдода, ки бар асари он теъдоди зиёди одамон ҳалок гардидаанд ва ин воқеа сабаби харобиҳои зиёд гардидааст, сахт андӯҳгин гардидам. Виктор Андреевич, дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ аз Шумо хоҳишмандам, ҳамдардии самимонаи моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда расонед. Умедворем, ки одамони маҷрӯҳшуда ҳарчи зудтар шифо хоҳанд ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8871