мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев
16 октябр дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Боку
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки моҳи июли соли равон зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Боку ба имзо расида буд, зоҳир гардид.
Изҳори боварӣ шуд, ки ҳамгироии ду кишвар дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва саноат, ба хусус дар самти транзити байналмилалӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ, рушди бесобиқа пайдо мекунад.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистону Озарбойҷон сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.12 №: 133-134 Мутолиа карданд: 2425