мулоқотҳо
Суҳбат бо мудири кулли Хазинаи Кувайт
16 октябр дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» дар шаҳри Кувайт - пойтахти Давлати Кувайт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Абдулваҳҳоб ал-Бадр, мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи кувайтӣ баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 11 соли ҳамкорӣ бо сармоягузории ин хазина, ки асосан аз тариқи Бонки исломии рушд, Бонки осиёии рушд ва дигар муассисаҳои молиявӣ сурат мегирад, дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди инфрасохторӣ амалӣ гардидаанд.
Зимни суҳбати созанда ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд миёни Тоҷикистон ва Хазинаи Кувайт оид ба рушд робитаҳои мустақим низ ба роҳ монда шаванд.
Ба гуфти Абдулваҳҳоб ал-Бадр, Хазинаи Кувайт оид ба рушд омодааст, ки лоиҳаҳои инфрасохтории аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшавандаро мустақиман сармоягузорӣ кунад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ қарор додааст, ки барои дастгирии рушди кишварҳои рӯ ба рушди Осиё 2 миллиард доллари амрикоӣ маблағ ҷудо намояд.
Ба иттилои Абдулваҳҳоб ал-Бадр, Тоҷикистон ҳам метавонад аз ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории худ баҳра бардорад.
Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд даъвати Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташриф ба Тоҷикистон хуш пазируфта, таъкид дошт, ки дар ояндаи наздик ҳатман сафар карда, ба робитаҳои мустақими дуҷониба оғоз мебахшад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.12 №: 133-134 Мутолиа карданд: 2430