мулоқотҳо
Гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод
16 октябр дар Кувайт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвари дӯст баррасӣ ёфтанд
Бештар ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳанг мароқ зоҳир гашт.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон ва саҳмгузории муштарак дар ин амри муҳим, сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.12 №: 133-134 Мутолиа карданд: 2338