мулоқотҳо
Мулоқот бо Президенти Афғонистон
17 октябр, бегоҳии рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Кувайт бо Ҳомиди Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.
Сарони ду давлат зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ бори дигар таъкид намуданд, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон дар масири Румӣ – Шерхон Бандар – Қундуз ва тамдиди он ба самтҳои Мазори Шариф – Отамурод, Мазори Шариф – Ҳирот ва лоиҳаҳои бунёди хати барқи КАСА-1000, гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ ва ғайра.
Бо ишора ба зикр гардидани ин лоиҳаҳо дар Эъломияи Конфронси душанбегии РЕККА-5 изҳори боварӣ шуд, ки ҳеҷ монеае барои татбиқи онҳо нахоҳад буд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро ба рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла барои ба имзо расондани лоиҳаи созишномаи дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон таъкид намуданд.
Аз ҳамкории босамари миёни сохторҳои марбути ду давлат дар соҳаҳои амният ва мубориза бо гардиши маводи мухаддир қаноатмандӣ изҳор гашт.
Изҳори боварӣ шуд, ки масъалаҳои вобаста ба анҷоми пураи истирдоди шаҳрвандони тоҷик аз ҳабсхонаҳои Афғонистон ва баръакс шаҳрвандони афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ҳалли худро дар наздиктарин муҳлат меёбанд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули назар шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.12 №: 133-134 Мутолиа карданд: 2401