logo

мулоқотҳо

Шиносоӣ бо рафти сохтмон ва таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии «Сомониён»

12 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо рафти сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии «Сомониён» шинос шуд.
Субҳи барвақт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, нахуст ба бинои навбунёди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар як паҳлуи иншооти маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе қомат афрохта, ба ин мавзеъ ҳусни тоза зам намудааст, ташриф овард. Зимни шиносоӣ бо рафти таҷҳиз ва ороиши берунию дохилии ин бинои боҳашамат, ки аз толору утоқҳои сершумори махсус барои нигоҳдории ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ муҷаҳҳазгардида иборат мебошанд, ба масъулини соҳа доир ба мутобиқ намудани онҳо бо талаботи техникию технологӣ ва ҷобаҷогузории дурусти маводи намоишӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки барои ин кори муҳим беҳтарин олимону мутахассисон ва омӯзгорону донишҷӯёни таъриху фарҳангшинос сафарбар карда шаванд. Тавре иттилоъ дода шуд, осорхона аз толорҳои давраҳои гуногуни таърихи гузаштаю муосири миллати тоҷик ва ёдгориҳои нодири фарҳангӣ иборат буда, ҳама бо шабакаҳои гармидиҳию салқинсозӣ, оташнишонӣ, муҳофизатӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мебошанд.
Барои ба таври шоиста ба поён расондани тамоми корҳои таҷҳизу ороиш, ҷобаҷогузории дурусти осори намоишӣ ва ба кор ҷалб намудани беҳтарин мутахассисони соҳа ба масъулин то 1 марти соли 2013 муҳлат дода шуд.
Аз ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён, ки дар паҳлуи меҳмонхонаи 5-ситорадори «Ҳайат» ва «Кӯли ҷавонон» дар ҳоли сохтмону таҷҳиз қарор дорад, ташриф оварда, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои асосии марказ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва се ошёна дар рӯйи замин иборат буда, баландии гумбази марказии он ба 38 метр мерасад. Маркази мазкур аз 12 толори хурду бузург иборат буда, дар як вақт метавонад ба 2 ҳазор нафар мизоҷ хизмат расонад.
Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши толорҳо иттилоъ дода шуд, ки онҳо бо санъати бостонии кандакорӣ ва нақшу нигори дилкаш дар рӯи чӯб, санг, гаҷ ва бо усули оинабандӣ оро дода мешаванд. Аҳли илму фарҳанг, аз ҷумла таърихнигорону фарҳангшиносон, адибони маъруфи кишвар, ки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлатро ҳамроҳӣ мекарданд, аз шукӯҳу азамат ва зебоии беҳамтои ин толорҳои нимтайёр ба ваҷд омада, аз ҷумла изҳор доштанд, ки ин мавзеъ аз беҳтарин марказҳои таърихию фарҳангӣ ва фароғатӣ дар минтақа хоҳад буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.12    №: 133-134    Мутолиа карданд: 2397
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед