мулоқотҳо
Ҳисоботи телефонӣ
13 октябр ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод доир ба рафти омодагӣ ба зимистон телефонӣ ҳисобот доданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва мевагиҳо зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки барои ҷамъоварии пурра ва захира кардани ҳосили фаровони заҳмати боғдорону картошкапарварон чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.
Раисони ноҳияҳои Тавилдара, Рашт ва Нуробод ҳамчунин вазифадор гардиданд, ки доир ба барқарорсозии саривақтии оқибатҳои заминларзаи шадид, ки дар ин ноҳияҳо 13-уми майи соли равон рух дода, ба хонаҳои аҳолии чанде аз деҳоти дурдаст хисороти зиёд ворид карда буд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти масъули ҷумҳуриявӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд. Таъкид гардид, ки аҳолии бар асари ин заминларза бехонамонда бояд то оғози мавсими сардӣ бо сарпаноҳ таъмин карда шаванд.
Ба раиси ноҳияи Файзобод, иловатан доир ба рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо тухм ва гӯшти паранда дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Раисони ноҳияҳои номбурда - Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод ҳамчунин вазифадор шуданд, ки рафти иҷрои супоришҳои Сарвари давлатро, ки зимни сафарҳои корӣ ба ин ноҳияҳо дода шудаанд, таҳти назорати бевосита қарор дода, пайваста чораҳои муассир амалӣ намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.12 №: 133-134 Мутолиа карданд: 2324