мулоқотҳо
Субҳи 17 октябр дар Кувайт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хонум Йинглак Шинаватра, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд, мулоқот намуд...
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Таиланд, аз ҷумла дар заминаи санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар имзошуда, баррасӣ шуданд.
Зарурати татбиқи босамари 7 санади муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи августи соли 2005 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши бештари робитаҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории гуногунсоҳаи дуҷониба таъсис дода шавад.
Аз хонум Йинглак Шинаватра, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд, даъват шуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.12 №: 135 Мутолиа карданд: 2318