мулоқотҳо
17 октябр дар шаҳри Кувайт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Кувайт, мулоқоти судманд анҷом дод...
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ба сатҳи омодагӣ ва созмондиҳии хуби ҳамоиши «Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ» ва ба иқдоми Амири Давлати Кувайт доир ба ҷудо намудани 2 миллиард доллари амрикоӣ барои кишварҳои рӯ ба рушди Осиё баҳои баланд дод.
Бо ишора ба заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни Тоҷикистону Кувайт ҳанӯз аз соли 1995 мавҷуд аст, изҳори боварӣ шуд, ки баъди мулоқоти имрӯза ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар такон меёбад.
Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Кувайт, ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама дар самти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки байналмилалӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.12 №: 135 Мутолиа карданд: 2327