фармонҳои президент
Таъиноти кадрӣ
30 октябр нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Воробев Владимир Василевич аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи "Народная газета", Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи "Халқ овози", Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи муовини якуми директори телевизиони Сафина ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи муовини директори телевизиони Сафина, Исроил Носиров аз вазифаи директори гурӯҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи муовини роҳбари "Минтақаи озоди иқтисодии Суғд" озод шуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Саид Сиддиқов муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Иззатуллоев сармуҳаррири рӯзномаи "Народная газета", Ёқубҷон Абдуманонов сармуҳаррири рӯзномаи "Халқ овози" ва Абдукарим Ҳикматов директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Востокредмет" таъин карда шуданд.
Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Абдураҳимов аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият", Ҳуриннисо Ализода аз вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ва Саид Сиддиқов аз вазифаи мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуданд.
Ҳамчунин бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Насриддинова сармуҳаррири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", Исроил Носиров директори гурӯҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Ҳуриннисо Ализода ва Нодир Мирзоев муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Хуҷамқулов директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, нафарони ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.11.12 №: 136-137 Мутолиа карданд: 2889