мулоқотҳо
Мулоқот бо Раиси Шӯрои кантонҳои Парламенти Швейтсария Ханс Алтер
2 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Ханс Алтер, Раиси Шӯрои кантонҳои Парламенти Швейтсарияро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки рӯзи 9-уми декабр ба оғози муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Швейтсария 20 сол пур мешавад. Тавре ки тазаккур дода шуд, дар ин муддат ду кишвари дӯст ҳамкории пурсамар ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла аз соли 1993 Швейтсария ба ҳайси роҳбари Гурӯҳи намояндагӣ дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ манфиатҳои Тоҷикистонро дар шӯроҳои иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ҷонибдорӣ менамояд. Ғайр аз ин тавассути Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, ки аз соли 1998 дар Тоҷикистон фаъолият дорад, бо харҷи 250 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои сершумори иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла барои рафъи камбизоатӣ, амалӣ гардидааст.
Хотиррасон гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо маблағгузории грантии Швейтсария 30 лоиҳа дар соҳаҳои тандурустӣ, обтаъминкунӣ, энергетика ва таъмини волоияти қонун амалӣ мешавад.
Тавре Ханс Алтер таъкид дошт, Швейтсария минбаъд ҳамкорию ҳамшарикиро бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти истифодаи босамари захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси ин ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар боз ҳам густариш медиҳад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.11.12 №: 138 Мутолиа карданд: 2408