logo

фармонҳои президент

Таъиноти кадрӣ

9 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат,  Раиси Ҳукумати кишвар, дар ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ ба амал баровард.
Бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Буриев муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини вазири адлия Абдуманон Холиқов муовини якуми вазири адлия ва мудири шуъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсаев муовини вазири адлия таъин гардиданд.
Каримҷон Азизов муовини якум ва Шоҳона Одинаева муовини директори телевизиони Сафина таъин карда шуданд.
Муҳаммад Ғоиб, ки қаблан директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таъин шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии раиси Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Саидбой Зокиров барои интихоб ба вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадии директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев ба узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштанд.
Тибқи талаботи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъин намудани сараудиторҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол гардид. Ба ин вазифаҳо сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯралӣ Мирзоев, роҳбари Котибот дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Қосим Муминов, муовини сардори Раёсат-сардори шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Файзалӣ Зарипов, муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Самиев ва сардори Саридораи молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зикрихудо Самадов пешниҳод шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона бо дасту дили пок ва ниятҳои хайрхоҳона ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки манфиати давлату миллат ва Ватани азиз бояд аз ҳама гуна манфиатҳои дигар боло гузошта шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.12    №: 140-141    Мутолиа карданд: 2841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед